https://sputnik.tj/20250630/narkhi-khadamoti-huquqi-tojikiston-bolo-1068542993.html
Нархи хадамоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон боло меравад
Нархи хадамоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон боло меравад
Sputnik Тоҷикистон
Пардохт барои амалиёти нотариалӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон минбаъд гарон хоҳад шуд
2025-06-30T09:45+0500
2025-06-30T09:45+0500
2025-06-30T12:06+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
иқтисод
ҳуқуқ
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_c7ed6411c68f723784f96b79ba9b2058.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Тағйирот дар ин бора ба қонун дар бораи боҷи давлатиро Маҷлиси намояндагон қабул кард.Ноиби якуми вазири молия, Юсуф Маҷидӣ дар парлумон гуфт, меъёри пардохтҳо барои анҷоми амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ аз соли 2008 инҷониб бетағйир монданд, ки дар натиҷа воридоти маблағҳо аз ин ҳисоб назаррас намебошад.Вай нагуфт, ки бо вуруди тағйирот нархи амалиёти нотраиалию САҲШ дар ҷумҳурӣ чӣ қадар боло хоҳад рафт.Қаблан ҳукумат бархе боҷҳои воридотию содиротиро низ боло бурда буд. Аз ҷумла аз 1 июл барои телефонҳои ҳушманд, боҷҳои воридотӣ пардохт, мегарданд, ки то ҳол мавҷуд набуданд.Аз телефонҳои мобилӣ низ, ки барои истифодаи шахсӣ, ворид мешаванд, пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида мешаванд.Хадамоти гумруки Тоҷикистон расман эълон кард, ки аз 1 июли соли 2025, барои вуруди телефонҳои мобилӣ 20% боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.Инчунин 14% ААИ аз арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ ва 10 доллар –хироҷи гумрукӣ рӯёнда мешавад.Телефонҳое, ки арзиши онҳо то 100 доллари ИМА аст, аз пардохти хироҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, зикр намуд Хадамоти гумруки Тоҷикистон.Дар баробари ин зимни содироти ашёи хом, аз қабили нахи пахтаю маъданҳо низ боҷҳои содиротӣ ситонда хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф ҳавасмандсозии таҳкими тавлидоти дохилӣ дар кишвар ва коҳиши содироти ашёи хом мебошад.
https://sputnik.tj/20250629/taghyirot-qonun-prezident-minbad-maosh-raison-parlumon-muovinon-muayan-1068534158.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_c09f7521855fdc02cc80810b4d0472f2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳуқуқ, хадамот, нарх, боло, нотариалӣ, аснод, шаҳрвандӣ
тоҷикистон, ҳуқуқ, хадамот, нарх, боло, нотариалӣ, аснод, шаҳрвандӣ
Нархи хадамоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон боло меравад
09:45 30.06.2025 (Навсозишуда: 12:06 30.06.2025) Пардохт барои амалиёти нотариалӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон минбаъд гарон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Тағйирот дар ин бора ба қонун дар бораи боҷи давлатиро Маҷлиси намояндагон қабул кард.
Ноиби якуми вазири молия, Юсуф Маҷидӣ дар парлумон гуфт, меъёри пардохтҳо барои анҷоми амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ аз соли 2008 инҷониб бетағйир монданд, ки дар натиҷа воридоти маблағҳо аз ин ҳисоб назаррас намебошад.
Вай нагуфт, ки бо вуруди тағйирот нархи амалиёти нотраиалию САҲШ дар ҷумҳурӣ чӣ қадар боло хоҳад рафт.
Қаблан ҳукумат бархе боҷҳои воридотию содиротиро низ боло бурда буд. Аз ҷумла аз 1 июл барои телефонҳои ҳушманд, боҷҳои воридотӣ пардохт, мегарданд, ки то ҳол мавҷуд набуданд.
Аз телефонҳои мобилӣ низ, ки барои истифодаи шахсӣ, ворид мешаванд, пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида мешаванд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон расман эълон кард, ки аз 1 июли соли 2025, барои вуруди телефонҳои мобилӣ 20% боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.
Инчунин 14% ААИ аз арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ ва 10 доллар –хироҷи гумрукӣ рӯёнда мешавад.
Телефонҳое, ки арзиши онҳо то 100 доллари ИМА аст, аз пардохти хироҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, зикр намуд Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Дар баробари ин зимни содироти ашёи хом, аз қабили нахи пахтаю маъданҳо низ боҷҳои содиротӣ ситонда хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф ҳавасмандсозии таҳкими тавлидоти дохилӣ дар кишвар ва коҳиши содироти ашёи хом мебошад.