https://sputnik.tj/20250629/sarlashkar-musavi-tehron-shubha-dorad-ki-tel-aviv-otashbasro-rioya-kunad-1068532098.html
Сарлашкар Мусавӣ: Теҳрон шубҳа дорад, ки Тел-Авив оташбасро риоя кунад
Сарлашкар Мусавӣ: Теҳрон шубҳа дорад, ки Тел-Авив оташбасро риоя кунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурии исломӣ омода аст, ба Тел-Авив посухи шадид диҳад, агар таҷовуз алайҳи Теҳрон такрор шавад, гуфт сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон
2025-06-29T16:40+0500
2025-06-29T16:40+0500
2025-07-17T14:01+0500
эрон
исроил
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/11/1069077190_0:164:3060:1885_1920x0_80_0_0_a38cc56c893ea8d61066f0767879278b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 829 июн – Sputnik. Эрон ба тааҳҳуди Исроил ба созишҳои оташбас шубҳа дорад.Дар ин бора сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Абдурраҳим Мусавӣ дар сӯҳбат бо Холид бин Салмон, вазири дифои Арабистони Саудӣ изҳор дошт.Ӯ гуфт, Ҷумҳурии исломӣ омода аст, ба Тел-Авив посухи шадид диҳад, агар таҷовуз алайҳи Теҳрон такрор шавад. Исроил шаби 13 июн алайҳи Эрон амалиётеро оғоз кард ва онро ба иҷрои барномаи махфии низомии ҳастаӣ муттаҳам кард. Аҳдофи бомбаборонҳо ва ҳамалоти гуруҳҳои тахрибкор объектхои ҳастаӣ, генералҳо, физикҳои намоёни ҳастаӣ ва пойгоҳҳо шуданд. Эрон иттиҳомотро рад кард ва бо ҳамлаҳо худ тавассути паҳбод ва мушакҳои қавӣ посух дод. Тарафҳо тайи 12 рӯз табодули зарба карданд ва Иёлоти Муттаҳида шаби 22 июн ба ҳамлаи якдафъаина ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамроҳ шуд.Баъд аз ин, Теҳрон шоми 23 июн ба пойгоҳи амрикоии Ал-Удейд дар Қатар ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод ва изҳор дошт, ки ҷониби Эрон қасд надорад, ки авзоъро бештар ташдид кунад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт ба ин ҳамла посух намедиҳад ва миёни Эрону Исроил оташбас эълон кард, ки то кунун идома дорад.
https://sputnik.tj/20250629/grossi-magate-nishon-tavlid-siloh-hastai-eronro-nadidaast-1068526076.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/11/1069077190_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_b78b720a8b317f5f6a42f9d0c14486df.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарлашкар мусавӣ теҳрон шубҳа тел-авив оташбас риоя
сарлашкар мусавӣ теҳрон шубҳа тел-авив оташбас риоя
Сарлашкар Мусавӣ: Теҳрон шубҳа дорад, ки Тел-Авив оташбасро риоя кунад
16:40 29.06.2025 (Навсозишуда: 14:01 17.07.2025) Ҷумҳурии исломӣ омода аст, ба Тел-Авив посухи шадид диҳад, агар таҷовуз алайҳи Теҳрон такрор шавад, гуфт сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон
ДУШАНБЕ, 829 июн – Sputnik. Эрон ба тааҳҳуди Исроил ба созишҳои оташбас шубҳа дорад.
Дар ин бора сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Абдурраҳим Мусавӣ дар сӯҳбат бо Холид бин Салмон, вазири дифои Арабистони Саудӣ изҳор дошт.
Ӯ гуфт, Ҷумҳурии исломӣ омода аст, ба Тел-Авив посухи шадид диҳад, агар таҷовуз алайҳи Теҳрон такрор шавад.
"Мо ҷангро оғоз накардаем, аммо бо тамоми қудрати худ ба таҷовузкор посух додем ва азбаски мо ба тааҳҳудоти душман ба ӯҳдадориҳои худ шак дорем... аз ҷумла оташбас, мо омодаем дар сурати такрор шудани таҷовуз ба он посухи шадид диҳем",- гуфт ӯ.
Исроил шаби 13 июн алайҳи Эрон амалиётеро оғоз кард ва онро ба иҷрои барномаи махфии низомии ҳастаӣ муттаҳам кард.
Аҳдофи бомбаборонҳо ва ҳамалоти гуруҳҳои тахрибкор объектхои ҳастаӣ, генералҳо, физикҳои намоёни ҳастаӣ ва пойгоҳҳо шуданд.
Эрон иттиҳомотро рад кард ва бо ҳамлаҳо худ тавассути паҳбод ва мушакҳои қавӣ посух дод.
Тарафҳо тайи 12 рӯз табодули зарба карданд ва Иёлоти Муттаҳида шаби 22 июн ба ҳамлаи якдафъаина ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамроҳ шуд.
Баъд аз ин, Теҳрон шоми 23 июн ба пойгоҳи амрикоии Ал-Удейд дар Қатар ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод ва изҳор дошт, ки ҷониби Эрон қасд надорад, ки авзоъро бештар ташдид кунад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт ба ин ҳамла посух намедиҳад ва миёни Эрону Исроил оташбас эълон кард, ки то кунун идома дорад.