https://sputnik.tj/20250629/peshash-omoda-khf-sokhtmon-khonaho-zilzilazadogon-rasht-tojikobod-1068531471.html
Пешаш омода шуд: КҲФ гуфт, сохтмони хонаҳои зилзилазадогони Рашту Тоҷикобод дар чӣ ҳол аст
Пешаш омода шуд: КҲФ гуфт, сохтмони хонаҳои зилзилазадогони Рашту Тоҷикобод дар чӣ ҳол аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари аҳолӣ сарбозони қисми низомии 44075-и КҲФ низ дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак мекунанд, гузориш медиҳад Кумита
2025-06-29T15:10+0500
2025-06-29T15:10+0500
2025-06-29T15:10+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рашт
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101611/13/1016111383_0:82:1600:982_1920x0_80_0_0_cf8c27e4662227d2782854e976eb6321.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар навоҳии Рашт ва Тоҷикобод барқарорсозии манзилҳо пас аз заминларза идома дорад.Дар ноҳияҳо биноҳои комилан харобшуда ва зарардида бомуваффақият барқарор мешаванд, хабар додо Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода дар пайи як ҳисобод аз рафти корҳо.Ба иттилои манбаъ, дар баробари аҳолӣ сарбозони қисми низомии 44075-и кумита низ дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак мекунанд.Тибқи гузориши ин ниҳод, корҳои сохтмонӣ дар 32 хонаи пурра зарардида бардоштани девор анҷом шуда, дар 25 хона бошад, сохтани бом ва болопӯш аз 10% то 100% иҷро шудаастҲамзамон дар 10 хона андова аз 30% то 100%, дар 6 хона насби дару тиреза, дар 2 хона гирифтани фаршу шифт ва дар 1 хона корҳои рангу бор идома дорад.Корҳои сохтмонӣ дар 164 хонаи қисман зарардида низ бомаром ҷараён дошта, ҳамворкунии замин пурра анҷом шуда, насби опалубка барои рехтани семент идома дорад.Ҳамчунин дар 162 хона бардоштани девор қариб нисф шуда, дар 4 хона пӯшидани бом ва болопӯш ҷараён дорад.Таъкид мешавад, ки тамоми корҳои ободонӣ бо супориши президент таҳти назорати раиси Кумита Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қарор дорад.Ёдовар мешавем, рӯзи 13 апрел Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод, ки маркази он ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод гуфта шуд. Зилзиласанҷон шиддати заминларзаро дар марказ ба 5-6 балл арзёбӣ карданд.Ба иттилои ситоди бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ин ду ноҳия 65хона пурра, 193 манзил қисман ва 150 хона зарари сабук диданд.Илова бар ин, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 мактаб бар асари офати табиӣ низ хароб гардиданд.Қаблан, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки ба сокинони ин ду ноҳия Маркази нави саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ месозанд.Гузашта аз ин, роҳбари давлат низ дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба раисони Рашту Тоҷикобод ва дигар мақомдорон супориш дод, ки то 1 ноябр хонаводаҳои зарардидаро бо манзилҳои нав таъмин кунанд.
https://sputnik.tj/20250508/prezident-rasht-kumaki-irsol-kard-1067273755.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101611/13/1016111383_92:0:1509:1063_1920x0_80_0_0_a8d336148ccbd5ca2c55a9724f3aaed3.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кҳф, рашт, заминларза
дар тоҷикистон, кҳф, рашт, заминларза
Пешаш омода шуд: КҲФ гуфт, сохтмони хонаҳои зилзилазадогони Рашту Тоҷикобод дар чӣ ҳол аст
Дар баробари аҳолӣ сарбозони қисми низомии 44075-и КҲФ низ дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак мекунанд, гузориш медиҳад Кумита
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар навоҳии Рашт ва Тоҷикобод барқарорсозии манзилҳо пас аз заминларза идома дорад.
Дар ноҳияҳо биноҳои комилан харобшуда ва зарардида бомуваффақият барқарор мешаванд, хабар додо Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода дар пайи як ҳисобод аз рафти корҳо.
Ба иттилои манбаъ, дар баробари аҳолӣ сарбозони қисми низомии 44075-и кумита низ дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак мекунанд.
Тибқи гузориши ин ниҳод, корҳои сохтмонӣ дар 32 хонаи пурра зарардида бардоштани девор анҷом шуда, дар 25 хона бошад, сохтани бом ва болопӯш аз 10% то 100% иҷро шудааст
Ҳамзамон дар 10 хона андова аз 30% то 100%, дар 6 хона насби дару тиреза, дар 2 хона гирифтани фаршу шифт ва дар 1 хона корҳои рангу бор идома дорад.
Корҳои сохтмонӣ дар 164 хонаи қисман зарардида низ бомаром ҷараён дошта, ҳамворкунии замин пурра анҷом шуда, насби опалубка барои рехтани семент идома дорад.
Ҳамчунин дар 162 хона бардоштани девор қариб нисф шуда, дар 4 хона пӯшидани бом ва болопӯш ҷараён дорад.
Таъкид мешавад, ки тамоми корҳои ободонӣ бо супориши президент таҳти назорати раиси Кумита Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 13 апрел Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод, ки маркази он ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод гуфта шуд. Зилзиласанҷон шиддати заминларзаро дар марказ ба 5-6 балл арзёбӣ карданд.
Ба иттилои ситоди бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ин ду ноҳия 65хона пурра, 193 манзил қисман ва 150 хона зарари сабук диданд.
Илова бар ин, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 мактаб бар асари офати табиӣ низ хароб гардиданд.
Қаблан, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки ба сокинони ин ду ноҳия Маркази нави саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ месозанд.
Гузашта аз ин, роҳбари давлат низ дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба раисони Рашту Тоҷикобод ва дигар мақомдорон супориш дод, ки то 1 ноябр хонаводаҳои зарардидаро бо манзилҳои нав таъмин кунанд.