https://sputnik.tj/20250626/sarf-vaqt-safar-dushanbe-rushon-khorugh-1068450720.html
Сарфи вақт барои сафари Душанбе - Рӯшон - Хоруғ қариби се соат кам шуд
Сарфи вақт барои сафари Душанбе - Рӯшон - Хоруғ қариби се соат кам шуд
Sputnik Тоҷикистон
Гузаштан аз роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ то дарвозаи Рӯшон дар гузашта чоруним – панҷ соат вақти мусофиронро мегирифт, ҳоло бошад бо навшавии он ва бунёди ду нақб... 26.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-26T09:30+0500
2025-06-26T09:30+0500
2025-06-26T09:30+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
вмкб
ёдгор файзов, раиси вмкб
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/19/1068438134_0:108:2048:1260_1920x0_80_0_0_17aea77ace3e8f0baf74aa9a15525b20.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба ВМКБ, дар ноҳияи Дарвоз роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшонро ба истифода дод.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.Манбаъ афзуд, дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шуда, иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли Тоҷикистон аст.Бояд гуфт, масири қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд.Ин роҳ Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад.Тӯли ин қитъаи шоҳроҳ, ки ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар бо дарозии умумии 5200 метр, ин масофаро ба 92,5 км баробар намуд, ки аз масофаи қаблӣ 16,5 км кам аст.Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки гузаштан аз ҳамин қитъаи роҳ дар гузашта чоруним – панҷ соат вақти мусофиронро мегирифт, ҳоло бошад бо навшавии он ва бунёди ду нақб ин масофа камтар аз ду соат тай мешавад.Зимни шиносоӣ бо корҳои иҷрошуда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил шуда, паҳноии стандартии он ба 12 метр баробар аст.Бунёди 15 пули мошнигузар бо дарозии 633 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 500 метр, 12 ҳазору 900 метри тӯлонӣ деворҳои оҳанӣ, бетонӣ ва сангӣ, инчунин 200 метр қубурҳои обгузари қутрашон гуногун ба лоиҳаи сохтмони роҳ дохил мешаванд. Босифат ва ҷавобгӯи талабот бунёд шудани иншооти мазкур хатари селу обхезӣ ва тармаву резиши сангро бартараф хоҳад кард. Ҳоло имкон аст, ки ҳаракат дар ин масир дар ҳама фасли сол бидуни эҳсоси хатар сурат гирад. Ҳолати хуби ин масир ба сарфаи вақту сӯзишворӣ низ асоси воқеӣ гузошт.Бояд гуфт сафари президент дар ВМКБ идома дорад ва президент дар тантанаҳои Ваҳдати миллӣ, ки имсол дар ВМКБ баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20250625/rahmon-safar-vmkb-vanj-oghoz-kard-1068427032.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/19/1068438134_143:0:1966:1367_1920x0_80_0_0_8bb6374a9ebb291b82e63c172a0aceb3.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, вмкб, ёдгор файзов, раиси вмкб, нақлиёт
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, вмкб, ёдгор файзов, раиси вмкб, нақлиёт
Сарфи вақт барои сафари Душанбе - Рӯшон - Хоруғ қариби се соат кам шуд
Гузаштан аз роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ то дарвозаи Рӯшон дар гузашта чоруним – панҷ соат вақти мусофиронро мегирифт, ҳоло бошад бо навшавии он ва бунёди ду нақб ин масофа камтар аз ду соат тай мешавад
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба ВМКБ, дар ноҳияи Дарвоз роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшонро ба истифода дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ афзуд, дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шуда, иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли Тоҷикистон аст.
Бояд гуфт, масири қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд.
Ин роҳ Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад.
Тӯли ин қитъаи шоҳроҳ, ки ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар бо дарозии умумии 5200 метр, ин масофаро ба 92,5 км баробар намуд, ки аз масофаи қаблӣ 16,5 км кам аст.
Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки гузаштан аз ҳамин қитъаи роҳ дар гузашта чоруним – панҷ соат вақти мусофиронро мегирифт, ҳоло бошад бо навшавии он ва бунёди ду нақб ин масофа камтар аз ду соат тай мешавад.
Зимни шиносоӣ бо корҳои иҷрошуда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил шуда, паҳноии стандартии он ба 12 метр баробар аст.
Бунёди 15 пули мошнигузар бо дарозии 633 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 500 метр, 12 ҳазору 900 метри тӯлонӣ деворҳои оҳанӣ, бетонӣ ва сангӣ, инчунин 200 метр қубурҳои обгузари қутрашон гуногун ба лоиҳаи сохтмони роҳ дохил мешаванд.
Босифат ва ҷавобгӯи талабот бунёд шудани иншооти мазкур хатари селу обхезӣ ва тармаву резиши сангро бартараф хоҳад кард. Ҳоло имкон аст, ки ҳаракат дар ин масир дар ҳама фасли сол бидуни эҳсоси хатар сурат гирад. Ҳолати хуби ин масир ба сарфаи вақту сӯзишворӣ низ асоси воқеӣ гузошт.
Бояд гуфт сафари президент дар ВМКБ идома дорад ва президент дар тантанаҳои Ваҳдати миллӣ, ки имсол дар ВМКБ баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.