https://sputnik.tj/20250626/belarus-iiao-kafil-amniyati-energetiki-ast-1068460857.html
Беларус: ИИАО кафили амнияти энергетикӣ аст
Беларус: ИИАО кафили амнияти энергетикӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Беларус мегӯяд, самаранокии кори ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамасола афзоиш меёбад 26.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-26T13:50+0500
2025-06-26T13:50+0500
2025-06-26T13:50+0500
беларус
ииао
иқтисод
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1a/1068463368_0:84:1600:985_1920x0_80_0_0_e0166b760c7f91f2f1e1044e378ad8f8.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) кафили амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ буда, самаранокии он сол то сол меафзояд. Дар ин бора ба РИА Новости сафири Беларус дар Русия Александр Рогожник дар остонаи Форуми иқтисодии АвруОсиё ва ҷаласаи Шӯрои олӣ изҳор дошт. Номбурда қайд кард, ки ҳадафҳои ҳамгироии ИИАО таъмини рушди устувор, навсозӣ ва таҳкими қобилияти рақобатпазирии иқтисоди давлатҳои узви иттиҳодия дар шароити таҷдиди сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ ва ивазшавии марказҳои фаъолияти иқтисодӣ мебошад.Ба гуфтаи вай, самарабахшии кори ҳамгироӣ дар ИИАО сол то сол афзоиш меёбад. Таваҷҷуҳи Шӯро ба самтҳои муҳими ҳамкориҳои саноатӣ, рушди иқтидори технологӣ ва ивази воридот, ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои мутақобила, таъмини амнияти бозори дохилӣ, рақамикунонии иқтисод ва ғайра нигаронида шудааст.Имсол Минск раёсати ИИАО, ки ба он Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомиланд, бар уҳда дорад.Рӯзҳои 26-27 июн дар пойтахти Беларус ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ва Форуми иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад. Дар он раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ширкат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20250624/vladimir-putin-sammit-iiao-belarus-ishtirok-mekunad-1068404943.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1a/1068463368_0:0:1600:1200_1920x0_80_0_0_98f7703f548835e2e17d7a27f44d29d7.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беларус, ииао, иқтисод, энергетика
беларус, ииао, иқтисод, энергетика
Беларус: ИИАО кафили амнияти энергетикӣ аст
Беларус мегӯяд, самаранокии кори ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамасола афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) кафили амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ буда, самаранокии он сол то сол меафзояд.
Дар ин бора ба РИА Новости сафири Беларус дар Русия Александр Рогожник дар остонаи Форуми иқтисодии АвруОсиё ва ҷаласаи Шӯрои олӣ изҳор дошт.
"ИИАО тавонист худро ҳамчун кафили амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ ташаккул диҳад", - гуфт дипломат.
Номбурда қайд кард, ки ҳадафҳои ҳамгироии ИИАО таъмини рушди устувор, навсозӣ ва таҳкими қобилияти рақобатпазирии иқтисоди давлатҳои узви иттиҳодия дар шароити таҷдиди сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ ва ивазшавии марказҳои фаъолияти иқтисодӣ мебошад.
Ба гуфтаи вай, самарабахшии кори ҳамгироӣ дар ИИАО сол то сол афзоиш меёбад. Таваҷҷуҳи Шӯро ба самтҳои муҳими ҳамкориҳои саноатӣ, рушди иқтидори технологӣ ва ивази воридот, ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои мутақобила, таъмини амнияти бозори дохилӣ, рақамикунонии иқтисод ва ғайра нигаронида шудааст.
Имсол Минск раёсати ИИАО, ки ба он Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомиланд, бар уҳда дорад.
Рӯзҳои 26-27 июн дар пойтахти Беларус ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ва Форуми иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад. Дар он раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ширкат хоҳад кард.