Раҳмон тоҷикистониёнро бо иди Тиргон шодбош гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2025
Обуна шудан
Президент изҳори итминон кард, ки мардуми кишвар бо истифода аз суннату анъанаҳои деринаи миллӣ минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар саъй мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон фарорасии ҷашни бостонии Тиргон – ёдгори пурарзиши тамаддуни бостонии ориёиро ба тоҷикистониён шодбош гуфт.
Раисҷумҳури кишвар дар паёми табрикотияш гуфт, Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад.
Ин ойини бостонӣ ифодакунандаи арзишҳои ҷовидонаи инсонӣ – умед ба фардои нек, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамкории фарҳангу ойинҳои гуногуни башарӣ ба ҳисоб меравад.
"Дар шароити пурҳаводиси ҷаҳони муосир посдории чунин арзишҳо беш аз ҳар замони дигар метавонад таконбахши талошҳои муштарак барои тақвияти дӯстиву ҳамкории тамаддуну фарҳангҳо ва дар айни замон ҳифзи мероси маънавии миллии мо бошад",- таъкид кардааст раисҷумҳур.
Ба гуфтаи ӯ, ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд.
Ҳамчуни дар идома сарвари давлат таъкид мекунад, ки об дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойгоҳи хос дорад.
"Ниёгонамон дар айёми ҷашни Тиргон хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд ва беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд",- таъкид кардааст сарвари давлат.
Участницы празднования Навруза в Гиссарской крепости в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2025
“Наврӯзу Садаву Меҳргону Тиргон” – ҷашнҳои миллӣ оё зидди ислом аст?
Ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст.
Он дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад.
Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд.
Ба ин муносибат ҳамасола ҳамакнун дар якшанбе сеюми авохири июн дар Тоҷикистон ин ҷашн бошукуҳ, бо намоиши дастовардҳои бахши кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардуми таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0