https://sputnik.tj/20250621/murghob-se-nerugoh-barqi-oftobi-faol-meshavand-1068302316.html
Дар Мурғоб се нерӯгоҳи барқии офтобӣ фаъол мешаванд
Дар Мурғоб се нерӯгоҳи барқии офтобӣ фаъол мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энергетика мегӯяд, ду нерӯгоҳ то охири моҳи равон ва яки дигар моҳи июл ба истифода дода мешавад 21.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-21T10:30+0500
2025-06-21T10:30+0500
2025-06-21T10:30+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нерӯгоҳи офтобӣ
мурғоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/14/1068302048_0:72:768:504_1920x0_80_0_0_ef6536101eba00eb812047f9e7938a50.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад, аз рафти корҳои сохтмонии нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ дар ноҳияи дурдасти Мурғоб шинос шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар деҳаҳои Аличур, Гулзор ва Булункӯл сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ ҷараён дорад.ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Зикр гардид, ки неругоҳи офтобӣ дар деҳаҳои Аличур ва Гулзор то охири моҳи июни соли ҷорӣ ва неругоҳи деҳаи Булункӯл бошад, охири моҳи июл ба истифода дода мешавад.Бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар доираи лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот” амалӣ гардида, ҳадафи асосӣ таъмини аҳолии минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакат бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.Маврид ба зикр аст, ки аз ин пеш вазири энергетика аз нерӯгоҳи "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа боздид карда буд. Маълум гардид, ки агрегати аввали неругоҳ дар даҳаи сеюми моҳи июни соли равон ба кор андохта мешавад.Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.
https://sputnik.tj/20250619/vaziri-energetika-nbo-sebzor-vmkb-1068246588.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/14/1068302048_0:0:768:576_1920x0_80_0_0_7f2a5338b7b31e22f99b2d8744a91641.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, нерӯгоҳи офтобӣ, мурғоб
дар тоҷикистон, энергетика, нерӯгоҳи офтобӣ, мурғоб
Дар Мурғоб се нерӯгоҳи барқии офтобӣ фаъол мешаванд
Вазорати энергетика мегӯяд, ду нерӯгоҳ то охири моҳи равон ва яки дигар моҳи июл ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад, аз рафти корҳои сохтмонии нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ дар ноҳияи дурдасти Мурғоб шинос шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар деҳаҳои Аличур, Гулзор ва Булункӯл сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ ҷараён дорад.
"Нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ дар Аличур бо тавоноии 2,8 МВт, Гулзор 450 кВт ва Булункӯл 565 кВт сохта шуда истодааст", - омадааст дар хабари вазорат.
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Зикр гардид, ки неругоҳи офтобӣ дар деҳаҳои Аличур ва Гулзор то охири моҳи июни соли ҷорӣ ва неругоҳи деҳаи Булункӯл бошад, охири моҳи июл ба истифода дода мешавад.
Бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар доираи лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот” амалӣ гардида, ҳадафи асосӣ таъмини аҳолии минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакат бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки аз ин пеш вазири энергетика аз нерӯгоҳи "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа боздид карда буд. Маълум гардид, ки агрегати аввали неругоҳ дар даҳаи сеюми моҳи июни соли равон ба кор андохта мешавад.
Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.