Дар Хатлон як гурӯҳи трансмиллии нашъаҷалоб бо беш аз 100 кг маводи мухаддир боздошт шуд

© Sputnik / Амир ИсаевУничтожение незаконных наркотических веществ, архивное фото
Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2025
Обуна шудан
Аз манзили муваққатии онҳо беш аз 102 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон фаъолияти як гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ боздошта шуд.
Дар ин бора маркази равобити ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро дар ҳаҷми махсусан калон – беш аз 102 кг, ки аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили фаромиллии маводи мухаддир содир шудааст, ошкор ва қатъ намуданд.
Тибқи хулосаи шӯъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилоят маводи мусодирашуда маводи мухаддири навъи "ҳашиш", "афюн", моддаҳои психотропии навъи "метамфетамин" ва "метадон" мебошанд.
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми 4 моддаи 200, бандҳои "а" ва "г"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ду ҷинояткор аллакай ба муҳлати 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки яке аз аъзои ин гурӯҳ ба унвони муҳоҷир дар Амрико қарор дорад, вай расман мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, қаблан дар Ӯзбекистон аз қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд. Ҳудуди 50 кило маводди мухаддирро аз қаламрави Тоҷикистон берун овардаанд ва ҷинояткорон қасд доштанд дар вилояти Хоразм онро фурӯшанд.
Лентаи хабарҳо
0