https://sputnik.tj/20250619/malum-shud-mushkil-beavtobus-khujand-kay-hal-meshavad-video-1068279644.html
Маълум шуд, мушкили беавтобусӣ дар Хуҷанд кай ҳал мешавад - видео
Маълум шуд, мушкили беавтобусӣ дар Хуҷанд кай ҳал мешавад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд ҳаракати автобусҳои мусофирбар барои се моҳ мутаваққиф шуд 19.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-19T18:55+0500
2025-06-19T18:55+0500
2025-06-19T18:55+0500
видео
хуҷанд
нақлиёти ҷамъиятӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/13/1068279471_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_a7dc4aa190c36723d3cd451625f2c727.jpg.webp
Аз 100 автобусе, ки як сол пеш барои беҳбуди нақлиёти мусофирбар ба Хуҷанд оварда шуда буд, ҳоло ягонтоаш кор намекунад. Вазъият сокинони шаҳр ва сайёҳонро ба ташвиш овардааст. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон фаҳмид, ки ин масъала кай ҳал мешавад. Ҳоло сокинон аз микроавтобусҳо истифода мекунанд, аммо ин як навъи нақлиёт чандон қулай нест.Ба гуфтаи Мирзоазам Алиев, аз замони Шӯравӣ дар Хуҷанд ҳамеша автобусҳо ҳаракат мекунанд."Онҳо барои мардум лозиманд. Ин барои Хуҷанд, як шаҳри бостоние, ки аз дигар кишварҳо меҳмонон меоянд, лозим аст. Автобусҳо бояд ҳаракат кунанд", - бовар дорад сокини шаҳр. Дар Хуҷанд аз набуди солярка автобусҳо “ях” кардандТавре директори Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти мусофиркашонии Хуҷанд" Инъомҷон Почоев изҳор дошт, айни замон корҳои омодасозии миқдори муайяни автобусҳо ба хатсайрҳо идома доранд. "Корҳои пешгирию техникӣ ва таъмирӣ идома доранд. Шумораи муайяни автобусҳо аллакай омодаанд. Онҳо бояд тақрибан то 20-уми июн дар хатсайрҳо бошанд", - гуфт ӯ.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/13/1068279471_188:0:1628:1080_1920x0_80_0_0_b35d9ba437e1a6aa6850a6501bcd3e7d.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, хуҷанд, нақлиёти ҷамъиятӣ, видео
видео, хуҷанд, нақлиёти ҷамъиятӣ, видео
Маълум шуд, мушкили беавтобусӣ дар Хуҷанд кай ҳал мешавад - видео
Эксклюзив
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд ҳаракати автобусҳои мусофирбар барои се моҳ мутаваққиф шуд
Аз 100 автобусе, ки як сол пеш барои беҳбуди нақлиёти мусофирбар ба Хуҷанд оварда шуда буд, ҳоло ягонтоаш кор намекунад.
Вазъият сокинони шаҳр ва сайёҳонро ба ташвиш овардааст. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон фаҳмид, ки ин масъала кай ҳал мешавад.
Ҳоло сокинон аз микроавтобусҳо истифода мекунанд, аммо ин як навъи нақлиёт чандон қулай нест.
"Автобусҳо ҳам аз ҷиҳати нарх ва ҳам аз ҷиҳати васеътар буданашон беҳтар аст. Агар тез-тез ҳаракат кунанд, бештар пур мешуданд. Ҳоло мо дар ин ҷо нишаста, мунтазири микроавтобус ҳастем", - гуфт сокини Хуҷанд Қумрӣ Алиева.
Ба гуфтаи Мирзоазам Алиев, аз замони Шӯравӣ дар Хуҷанд ҳамеша автобусҳо ҳаракат мекунанд.
"Онҳо барои мардум лозиманд. Ин барои Хуҷанд, як шаҳри бостоние, ки аз дигар кишварҳо меҳмонон меоянд, лозим аст. Автобусҳо бояд ҳаракат кунанд", - бовар дорад сокини шаҳр.
Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти мусофиркашонии Хуҷанд" Инъомҷон Почоев изҳор дошт, айни замон корҳои омодасозии миқдори муайяни автобусҳо ба хатсайрҳо идома доранд.
"Корҳои пешгирию техникӣ ва таъмирӣ идома доранд. Шумораи муайяни автобусҳо аллакай омодаанд. Онҳо бояд тақрибан то 20-уми июн дар хатсайрҳо бошанд", - гуфт ӯ.