https://sputnik.tj/20250618/rahmon-omodaem-amniyati-osiyoi-markazi-hamohangiro-taqviyat-1068218903.html
Раҳмон: Омодаем барои амнияти кишварҳои Осиёи Маркази ҳамоҳангиро тақвият бахшем
Раҳмон: Омодаем барои амнияти кишварҳои Осиёи Маркази ҳамоҳангиро тақвият бахшем
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки пешбурди ҳадафҳои муштарак барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа ба вазъи Афғонистон вобаста аст
2025-06-18T11:01+0500
2025-06-18T11:01+0500
2025-06-18T11:12+0500
эмомалӣ раҳмон
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/04/1067871370_0:242:2790:1811_1920x0_80_0_0_b9a02eacacac6db21c805b3a87a70483.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон омода аст равобит ва ҳамоҳангиро бо ҳама кишварҳо барои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ тақвият бахшанд.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки дар Остона ҷараён дорад, изҳор дошт."Барои амалӣ намудани талошҳои созандаи муштараки худ, имрӯз ба мо лозим аст, ки беш аз ҳарвақта бояд барои муттаҳидсозии талошҳо барои амнияти минтақавӣ кушиш кунем. Бар асоси ин, мо омодаем минбаъд низ ровобит ва ҳамоҳангии худро бо тамоми кишварҳо дар масоили муборизаи босамари чунин таҳдиду чолишҳо ба амният, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти мухталифи радикализм, зуҳуроти гуногуни ифротгароӣ, таҳдидҳои сайберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ва ғайра тақвият бахшем.Раҳбари Тоҷикистон зикр кард, ки пешбурди ҳадафҳои муштарак барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа ба вазъи Афғонистон вобаста аст.Ба андешаи вай, муҳимтарин шарти тасдиқи ин раванд ташкили “ҳукумати воқеан фарогир” дар ин кишвар аст.Вай дар ин замина зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар заминаи таъмини амният ва субот дар минтақаро шарти муҳими рушди ҳамаҷонибаи кишварҳо арзёбӣ кард.Ёдовар мешавем, ки дар Остона дуввумин нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ - Чин ҷараён дорад.Илова бар ин, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш анҷумани энержии кишварҳои минтақа ва Чин ва нишасти шӯрои соҳибкорон дар назар аст. Нахустин нишаст соли 2023 дар Сиани Чин баргузор шуда буд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39978
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/04/1067871370_363:0:2778:1811_1920x0_80_0_0_b09958b9ebe891ea421c41b5e2023583.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, осиёи марказӣ, амният, ҳамоҳангӣ, афғонистон, раҳмон
тоҷикистон, осиёи марказӣ, амният, ҳамоҳангӣ, афғонистон, раҳмон
Раҳмон: Омодаем барои амнияти кишварҳои Осиёи Маркази ҳамоҳангиро тақвият бахшем
11:01 18.06.2025 (Навсозишуда: 11:12 18.06.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки пешбурди ҳадафҳои муштарак барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа ба вазъи Афғонистон вобаста аст
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон омода аст равобит ва ҳамоҳангиро бо ҳама кишварҳо барои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ тақвият бахшанд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки дар Остона ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Барои амалӣ намудани талошҳои созандаи муштараки худ, имрӯз ба мо лозим аст, ки беш аз ҳарвақта бояд барои муттаҳидсозии талошҳо барои амнияти минтақавӣ кушиш кунем. Бар асоси ин, мо омодаем минбаъд низ ровобит ва ҳамоҳангии худро бо тамоми кишварҳо дар масоили муборизаи босамари чунин таҳдиду чолишҳо ба амният, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти мухталифи радикализм, зуҳуроти гуногуни ифротгароӣ, таҳдидҳои сайберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ва ғайра тақвият бахшем.
Раҳбари Тоҷикистон зикр кард, ки пешбурди ҳадафҳои муштарак барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа ба вазъи Афғонистон вобаста аст.
"Ташаккули Афғонистони орому сулҳомезе, ки аз терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои амниятӣ озод аст, ба манфиатҳои муштараки кишварҳои мост", - таъкид кард Раҳмон.
Ба андешаи вай, муҳимтарин шарти тасдиқи ин раванд ташкили “ҳукумати воқеан фарогир” дар ин кишвар аст.
Вай дар ин замина зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар заминаи таъмини амният ва субот дар минтақаро шарти муҳими рушди ҳамаҷонибаи кишварҳо арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Остона дуввумин нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ - Чин ҷараён дорад.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш анҷумани энержии кишварҳои минтақа ва Чин ва нишасти шӯрои соҳибкорон дар назар аст. Нахустин нишаст соли 2023 дар Сиани Чин баргузор шуда буд.