https://sputnik.tj/20250618/ekspeditsiyai-baynalmilali-khujand-badakhshon-1068237795.html
Маълум шуд кай иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Хуҷанду Бадахшон мерасанд
Маълум шуд кай иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Хуҷанду Бадахшон мерасанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст, ки 12 июл иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Тоҷикистон мерасанд
2025-06-18T16:21+0500
2025-06-18T16:21+0500
2025-07-24T15:47+0500
дар тоҷикистон
сайёҳат
гардишгарӣ
авруосиё
ҷамъият
фбиом-2025 дар душанбе
фбиом - 2025
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/12/1068238103_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_e45c20ebea0f80d84b8a5a30c16f47be.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Иштирокчиёни экспедитсия дар давоми 51 рӯз бо тай кардани 8000 километр аз ҳудуди 5 давлат ва беш аз 30 шаҳр гузашта, 12 июл аз шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва 19 июл аз ҷониби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони "Корвони Помир" вориди Тоҷикистон мешаванд.Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, иштирокчиён мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии 5 шаҳри Тоҷикистон, Маскави Русия — Душанбе, Чебоксарии Чувашистон — Данғара, Оренбурги Русия — Хуҷанд, Аралски Қазоқистон — Кӯлоб, Қизилордаи Қазоқистон – Панҷакентро тамошо мекунанд.Яке аз мақсадҳои экспедитсия ин барқарор сохтани риштаҳои дӯстӣ миёни шаҳрҳои 5 давлати Авруосиё мебошад.Он замина фароҳам меорад, то шаҳрҳои минтақа низ бо ҳам равобити бародаршаҳрӣ ва дигар ҳамкории судманди минтақавӣ дошта бошанд.Ёдовар мешавем, ки Экспедитсияи байналмилалии "Саёҳат ба қалби Авруосиё" бо ҳадафи муаррифии мероси фарҳангӣ, қавӣ сохтани риштаҳои дӯстӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, омӯзиши таърихи Авруосиё ва рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии "Маркази байналмилалии ҳамгироии минтақавӣ" ба роҳ монда шудааст.Дар экспедитсия намояндагони вазорату кумитаҳо, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё, дар умум наздик ба 100 нафар иштирок доранд. Дар ҷараёни он беш аз 150 ҷаласаю форумҳои илмию иқтисодӣ, фарҳангию омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои канории сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.Дар ҷамъбасти экспедитсия, ки 22 июл дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ доир мегардад.Хотиррасон мешавем, ки экспедитсияи байналмилалии сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025" 6 июн дар шаҳри Маскави Русия оғоз гардида, ҳайати экспедитсия тавассути 25 нақлиёт ба роҳ баромад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39853
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/12/1068238103_30:0:1167:853_1920x0_80_0_0_831c646cc9d7268c0e919709644ed47f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бадахшон, хуҷанд, сайёҳӣ, гардишгарӣ, экспедитсия, вмкб
тоҷикистон, бадахшон, хуҷанд, сайёҳӣ, гардишгарӣ, экспедитсия, вмкб
Маълум шуд кай иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Хуҷанду Бадахшон мерасанд
16:21 18.06.2025 (Навсозишуда: 15:47 24.07.2025) Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст, ки 12 июл иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Тоҷикистон мерасанд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Иштирокчиёни экспедитсия дар давоми 51 рӯз бо тай кардани 8000 километр аз ҳудуди 5 давлат ва беш аз 30 шаҳр гузашта, 12 июл аз шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва 19 июл аз ҷониби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони "Корвони Помир" вориди Тоҷикистон мешаванд.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиён мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии 5 шаҳри Тоҷикистон, Маскави Русия — Душанбе, Чебоксарии Чувашистон — Данғара, Оренбурги Русия — Хуҷанд, Аралски Қазоқистон — Кӯлоб, Қизилордаи Қазоқистон – Панҷакентро тамошо мекунанд.
Яке аз мақсадҳои экспедитсия ин барқарор сохтани риштаҳои дӯстӣ миёни шаҳрҳои 5 давлати Авруосиё мебошад.
Он замина фароҳам меорад, то шаҳрҳои минтақа низ бо ҳам равобити бародаршаҳрӣ ва дигар ҳамкории судманди минтақавӣ дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки Экспедитсияи байналмилалии "Саёҳат ба қалби Авруосиё" бо ҳадафи муаррифии мероси фарҳангӣ, қавӣ сохтани риштаҳои дӯстӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, омӯзиши таърихи Авруосиё ва рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии "Маркази байналмилалии ҳамгироии минтақавӣ" ба роҳ монда шудааст.
Дар экспедитсия намояндагони вазорату кумитаҳо, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё, дар умум наздик ба 100 нафар иштирок доранд. Дар ҷараёни он беш аз 150 ҷаласаю форумҳои илмию иқтисодӣ, фарҳангию омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои канории сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷамъбасти экспедитсия, ки 22 июл дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки экспедитсияи байналмилалии сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025" 6 июн дар шаҳри Маскави Русия оғоз гардида, ҳайати экспедитсия тавассути 25 нақлиёт ба роҳ баромад.