Қазоқистон миёни кишварҳои ИИАО бештар бо Русия тиҷорат мекунад

© Sputnik / Санат Имангалиев / Гузариш ба медиабонкГосударственные флаги России и Казахстана
Государственные флаги России и Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2025
Обуна шудан
Идораи миллии омори Қазоқистон маълумотро дар бораи гардиши савдои хориҷии ин кишвар нашр кард
ДУШАНБЕ, 17 июн – Sputnik. Русия дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ мақоми бузургтарин шарики тиҷоратии Қазоқистонро дар ИИАО нигоҳ дошт, вале ҳиссаи Русия дар гардиши савдои хориҷӣ аз 91,1% (2024) то 88,8% коҳиш ёфт.
Дар ин бора дар маводи Идораи миллии омори Қазоқистон гуфта мешавад.
"Дар моҳҳои январ-апрели соли 2025 гардиши молии Қазоқистон бо кишварҳои ИИАО 8 411,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 дарсад камтар аст".
Дар баробари ин, дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Қазоқистон бо кишварҳои узви ИИАО – 88,8% ба Русия рост меояд. Сипас дар ин феҳрист Қирғизистон бо – 7,6%, Беларус – 3,5% ва Арманистон – 0,2% саҳми калонро ҷой гирифтаанд.
Запуск производства грузовиков в Калуге.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2025
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ИИАО
Русия инчунин шарики асосии воридотии Қазоқистон аст. Миёни ҳамаи кишварҳои ҷаҳон саҳми ин кишвар 28,4% мебошад.
Дар ҷои дуюм Чин (27,4%), Олмон (4,6%), Ҷумҳурии Корея (4,3%), ИМА (3,7%) ва Туркия (2,7%) қарор доранд.
Ва дар содирот саҳми Русия 9,9% будааст.
Лентаи хабарҳо
0