Аз ду гузаргоҳи марзӣ истифода кунед: Муроҷиати сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон

© Foto / Посольство Таджикистана в ИранеЗдание посольства Таджикистана в Тегеране
Здание посольства Таджикистана в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2025
Обуна шудан
Сафорат Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон барои берун овардани шаҳрвандони кишвар аз хоки Эрон Ситоди шабонарӯзӣ ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 17 июн – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон аз шаҳрвандони кишвар, ки нияти хориҷ шудан аз Эронро доранд, бо сафорат дар тамос шаванд.
“Бино ба вазъи ба амаломада дар Эрон Сафорат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки барои мусоидат ба хориҷ шудани хоҳшмандон аз қаламрави Эрон дар Сафорат Ситод бо навбатдории 24 соата таъсис ёфтааст”, - қайд кардааст сафорат.
Таъкид шудааст, ки шаҳрвандоне, ки нияти хориҷ шудан аз Эронро доранд, бояд бо сафораттамос бигиранд.
Ҳамзамон сафорат аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки барои баромадан аз Эрон аз гузаргоҳҳои сарҳадии “Боҷгирон”-и Эрону Туркманистон ва “Астара”-и Эрону Озарбойҷон истифода намоянд.
“Барои баромадан аз Эрон аз тариқи ин ду гузаргоҳи марзӣ бояд ҳамоҳангиҳо бо мақомоти марбутаи Эрон ва Туркманистону Озарбойҷон сурат гирад, ки онро Сафорат анҷом медиҳад”, -* қайд кардааст манбаъ.
Инчунин намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Теҳрон аз шаҳрвандонаш хоҳиш кардааст, ки ба почтаи электронӣ нусхаҳои шиносномаи хориҷии худро бо зикри шумораи ватсап ё телефони мобилии эронии худ ирсол намоянд.
Пизишкиён дар ҷаласаи ҳукумат бори дигар ИМА-ро ба шарикӣ дар ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Эрон муттаҳам кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2025
Пизишкиён дар ҷаласаи ҳукумат бори дигар ИМА-ро ба шарикӣ дар ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Эрон муттаҳам кард.
Ёдрас мешавем, ки низоъ миёни Теҳрон ва Телавив бо ҳамлаи Исроил дар субҳи 13-уми июн ба чанд шаҳри Эрон оғоз шуд Исроил ин ҳамларо “Бархостани шер” унвон карда, ҳадафи онро пешгирӣ аз дастёбии Ҷумҳурии Исломӣ ба силоҳи ҳастаӣ хонд. Вале Эрон борҳо гуфтааст, ки дар пайи сохтани бомбаи атомӣ нест ва ҳадафи барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст.
Лентаи хабарҳо
0