Туркманистон ба тоҷикистониҳое, ки аз Эрон омадаанд, кумак кардаст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАшхабад, архивное фото
Ашхабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2025
Обуна шудан
Афроде, ки вориди хоки Туркманистон шудаанд, бо нақлиёт, ғизо, меҳмонхона ва ашёи зарурӣ таъмин гардидаанд, хабар дод, Вазорати хориҷаи ин кишвар
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Туркманистон ба ба 120 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Руминия ва дигар кишварҳое, ки дар пайи даргириҳо бо Исроил аз Эрон омадаанд, кумак кардааст.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар додааст.
"Дар робита ба вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна, Туркманистон барои таъмини қаламрави худ барои хуруҷи дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо ва шаҳрвандони дигар, ки феълан дар Эрон қарор доранд, чораҳои фаврӣ меандешад",- афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи ин ниҳод, онҳое, ки омадаанд, бо нақлиёт, ғизо, меҳмонхона ва ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Дар доираи амалисозии рисолати башардӯстона мақомоти дахлдори давлатии Туркманистон бо намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории зич доранд, афзудааст манбаъ.
Шаби 13 июн Исроил амалиёти низомиро оғоз кард, ки ҳадафаш алайҳи барномаи ҳастаии Эрон аст.
Камтар аз як рӯз баъд Ҷумҳурии Исломӣ ҳамлаи ҷавобӣ анҷом дод. 14-уми июн ва шаби 15-уми июн Исроил ва Эрон дубора ба табодули зарбаҳои шадид заданд.
Ҳарду ҷониб дар бораи талафот дар натиҷаи ин ҳамлаҳо хабар доданд, иқрор шуданд, ки ба як қатор объектҳо дар қаламрави худ зарба расидааст, аммо изҳор доштанд, ки хисорот маҳдуд аст.
Пожарный на месте взрыва в жилом комплексе на севере Тегерана, Иран  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2025
Муҳкам мезанем: Пизишкиён гуфт, ИМА пеш аз ҳамла ба Исроил маълумоти иктишофӣ додааст
Аз моҳи апрели соли ҷорӣ Эрон ва Амрико барои ҳалли вазъ дар атрофи барномаи ҳастаии Теҳрон бо миёнҷигарии Уммон музокироти ғайримустақим доранд.
Пас аз чанд талош барои ба даст овардани созиши нав, машваратҳо ба далели ихтилофи назарҳо дар мавриди ғанисозии уран зери хатари суқут қарор доштанд.
Даври шашуми музокироти ду ҳайат рӯзи 15 июн дар Маскат бояд баргузор мешуд, аммо пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон, машваратҳо лағв шуданд.
Лентаи хабарҳо
0