Русия барои тахлияи тоҷикистониҳо аз Эрон кумак кард

© APПоследствия израильского удара по нефтяному объекту на юге Тегерана, Иран, в воскресенье, 15 июня 2025 года.
Последствия израильского удара по нефтяному объекту на юге Тегерана, Иран, в воскресенье, 15 июня 2025 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2025
Обуна шудан
Русия тавассути кишвари Озарбойҷон, ки бо Эрон марзи заминӣ дорад шаҳрвандонашро ҳамроҳ бо дигар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ аз ин кишвар берун кардаас
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Сафорати Русия дар Теҳрон ба берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Эрон қарор доштанд, кумак кардааст.
Ба иттилои сафорати Русия дар Теҳрон, гурӯҳи 225-нафара, бо шумули аъзои хонаводаи кормандони намояндагиҳои хориҷии Русия, рӯзи 15 июн Эронро тарк карданд.
Ҳамзамон боз як гурӯҳи 88-нафара рӯзи 14 июн Эронро тарк карданд.
"Дирӯз як гурӯҳи 225-нафара, аз ҷумла кӯдакон, марзро убур карданд. Сухан дар бораи аъзои хонаводаи кормандони намояндагиҳои хориҷии Русия, ҳунармандони оркестри симфонии Чайковский ва дигар шаҳрвандони Русия меравад", -хабар додааст сафорат.
Гуфта мешавад, ки қаблан рӯзи 14 июни соли 2025 бо ширкати сафорати Русия дар Эрон ва сафорати Русия дар Озарбойҷон, нахустин гурӯҳи 88-нафара, бо шумули гурӯҳи филмбардории Фёдор Бондарчук низ аз марзи давлатии Эрон ва Озарбойҷонро убур карданд.
Пизишкиён дар ҷаласаи ҳукумат бори дигар ИМА-ро ба шарикӣ дар ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Эрон муттаҳам кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2025
Пизишкиён дар ҷаласаи ҳукумат бори дигар ИМА-ро ба шарикӣ дар ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Эрон муттаҳам кард.
Сафорат қайд кард, ки ба ҷуз аз шаҳрвандони Русия, дар ин гурӯҳ шаҳрвандони Беларус, Сербистон, Узбекистон ва Тоҷикистон низ буданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо Исроил ба хоки Эрон ҳамлаҳои густарда ҳавоӣ ва мушакӣ анҷом медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0