https://sputnik.tj/20250616/duvumin-safari-rahmon-dar-zarfi-kamtar-az-yak-moh-ba-ostona--1068175028.html
Дувумин сафари Раҳмон дар зарфи камтар аз як моҳ ба Остона
Дувумин сафари Раҳмон дар зарфи камтар аз як моҳ ба Остона
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин”, ки дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард
2025-06-16T18:02+0500
2025-06-16T18:02+0500
2025-06-16T18:02+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
остона
қазоқистон
нишаст
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0c/1066537513_180:139:2044:1187_1920x0_80_0_0_bd715da63611910426079a66ae74fd5b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.Дарн ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТӢоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ин иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” мебошад.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишварро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, сарвазири Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Манбаъ қайд намудааст, ки дар ин сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Ёдовар мешавем, ки 30 майи соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуда буд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/40214
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0c/1066537513_186:0:2006:1365_1920x0_80_0_0_f37a57c7bddde63037c37142bb4cb7bd.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, остона, сафрар, осиёи марказӣ, ҷин, ҷаласа, сарон
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, остона, сафрар, осиёи марказӣ, ҷин, ҷаласа, сарон
Дувумин сафари Раҳмон дар зарфи камтар аз як моҳ ба Остона
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин”, ки дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.
Дарн ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТӢоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ин иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” мебошад.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишварро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, сарвазири Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар ин сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 30 майи соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуда буд.