https://sputnik.tj/20250613/minsk-guftugui-tijorii-iiao-va-amorati-mattuhidai-arab-1068100670.html
Дар Минск гуфтугӯи тиҷории ИИАО ва Аморати Маттуҳидаи Араб баргузор мешавад
Дар Минск гуфтугӯи тиҷории ИИАО ва Аморати Маттуҳидаи Араб баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки гуфтугӯи тиҷоратии ИИАО ва АМА ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ байни ИИАО ва АМА такони иловагӣ мебахшад
2025-06-13T17:39+0500
2025-06-13T17:39+0500
2025-06-13T17:39+0500
ииао
авруосиё
иқтисод
ама
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/05/1065765674_0:96:1024:672_1920x0_80_0_0_94ce41003c1cb6bd33b66384081f8d68.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Гуфтугӯи тиҷории ИИАО ва Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 26 июн дар Минск баргузор мешавад.Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОси хабар доддааст."26 июн дар доираи Форуми IV иқтисодии АвруОсиё дар Минск бо яке аз шарикони асосии тиҷоратии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар байни кишварҳои Халиҷи Форс - Аморати Муттаҳидаи Араб чорабинии муштарак баргузор мешавад. Дар он имзои созишнома дар бораи шарикии иқтисодӣ байни ИИАО ва АМА дар ҳошияи Шӯро баррасӣ мешавад", қайд кардааст манбаъ .Гуфтугӯи тиҷорӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ, инчунин ҷомеаи коршиносони кишварҳои “панҷгонаи АвруОсиё” ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда, як платформаи калидӣ барои баррасии муомилоти тиҷорӣ хоҳад буд, ки ба беш аз 90 дарсади гардиши мол ва беш аз 85 дарсади навъҳои маҳсулот дахл дорад.Иштирокчиёни чорабинӣ масъалаҳои амиқсозии ҳамкорӣ ва рафъи монеаҳои ғайритарифӣ, мушкилоти операторони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, роҳҳои густариши занҷирҳои таъминот, рушди инфрасохтори рақамӣ, инчунин ҷалби корхонаҳои хурду миёна ба тиҷорат бо шартҳои имтиёзнокро баррасӣ хоҳанд кард."Гуфтугӯи тиҷоратии ИИАО ва АМА ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ байни ИИАО ва АМА такони иловагӣ мебахшад", - зикр кардааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20250612/iiao-ittihodiya-daromadi-buja-afzoish-1068071876.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/05/1065765674_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_5198d72c5ff3f545c9d8f2d0a2235b17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, ама, тиҷорат, минск, гуфтугӯи тиҷорӣ, авруосиё
ииао, ама, тиҷорат, минск, гуфтугӯи тиҷорӣ, авруосиё
Дар Минск гуфтугӯи тиҷории ИИАО ва Аморати Маттуҳидаи Араб баргузор мешавад
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки гуфтугӯи тиҷоратии ИИАО ва АМА ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ байни ИИАО ва АМА такони иловагӣ мебахшад
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Гуфтугӯи тиҷории ИИАО ва Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 26 июн дар Минск баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОси хабар доддааст.
"26 июн дар доираи Форуми IV иқтисодии АвруОсиё дар Минск бо яке аз шарикони асосии тиҷоратии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар байни кишварҳои Халиҷи Форс - Аморати Муттаҳидаи Араб чорабинии муштарак баргузор мешавад. Дар он имзои созишнома дар бораи шарикии иқтисодӣ байни ИИАО ва АМА дар ҳошияи Шӯро баррасӣ мешавад", қайд кардааст манбаъ .
Гуфтугӯи тиҷорӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ, инчунин ҷомеаи коршиносони кишварҳои “панҷгонаи АвруОсиё” ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда, як платформаи калидӣ барои баррасии муомилоти тиҷорӣ хоҳад буд, ки ба беш аз 90 дарсади гардиши мол ва беш аз 85 дарсади навъҳои маҳсулот дахл дорад.
Иштирокчиёни чорабинӣ масъалаҳои амиқсозии ҳамкорӣ ва рафъи монеаҳои ғайритарифӣ, мушкилоти операторони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, роҳҳои густариши занҷирҳои таъминот, рушди инфрасохтори рақамӣ, инчунин ҷалби корхонаҳои хурду миёна ба тиҷорат бо шартҳои имтиёзнокро баррасӣ хоҳанд кард.
"Гуфтугӯи тиҷоратии ИИАО ва АМА ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ байни ИИАО ва АМА такони иловагӣ мебахшад", - зикр кардааст манбаъ.