https://sputnik.tj/20250611/tojikistonu-uzbekiston-tahkimi-hamkori-umedbakhsh-1068033526.html
Тоҷикистону Узбекистон таҳкими ҳамкории созандаро умедбахш арзёбӣ намуданд
Тоҷикистону Узбекистон таҳкими ҳамкории созандаро умедбахш арзёбӣ намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тошканд дар доираи форуми байналмилалии сармоягузорӣ дидору мулоқоти сарвазири Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи Узбекистон сурат гирифт
2025-06-11T09:36+0500
2025-06-11T09:36+0500
2025-06-11T11:08+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
ҳамкорӣ
иқтисод
сиёсат
сармоягузорӣ
қоҳир расулзода
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068034476_0:106:1280:827_1920x0_80_0_0_5f6000dc43507e05cf73c7256164a839.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард, иттилоъ додааст ҳукумати кишвар.Ёдовар мешавем, ки сарвазири кишвар барои иштирок дар дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ба шаҳри Тошканд сафар кард.Зимни мулоқот бо президенти Узбекистон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро анъанаҳои неки чандинасраи ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад.Ҷонибҳо дурнамои рушди устувори муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкории созандаро умедбахш арзёбӣ намуданд.Қайд карда шуд, ки давоми солҳои охир робитаҳо байни Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва ҷонибҳо истифодаи имкониятҳои иловагиро барои таҳким бахшидани он зарур донистанд.Дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, ки таҳти раёсати сарвазирони ду давлат доир шуд, паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дучониба муҳокама гардид.Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов таҳкими робитаҳои дуҷонибаро ба сиёсати созандаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон марбут донист.Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир шудани Форуми байналмилалии сармоягузории Тошкандро барои рушди робитаҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ намуда, фарогирии бахшу соҳаҳои навро дар робитаҳои дуҷониба ба нафъи ҳарду давлат донист.Қайд карда шудааст, ки дар доираи мулоқоти ҳайатҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи манбаъҳои табиӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика равона карда шуд.Ба тавофуқ расидан ва паҳлуҳои навро фарогир шудани ҳамкорӣ дар бахшҳои соҳаи энергетика ба нафъи ҳарду ҷониб дониста шуд.Тазаккур дода шуд, ки сиёсати созандаи роҳбарони ду давлат барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд.Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд бо сухани ифтитоҳии Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев оғоз кард, доир шудани ин тадбири муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим донист.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39788
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39572
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068034476_63:0:1200:853_1920x0_80_0_0_13b9d7165d3397822811f138cdd957bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, узбекистон, ҳамкорӣ, иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат, расулзода, мирзиёев
тоҷикистон, узбекистон, ҳамкорӣ, иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат, расулзода, мирзиёев
Тоҷикистону Узбекистон таҳкими ҳамкории созандаро умедбахш арзёбӣ намуданд
09:36 11.06.2025 (Навсозишуда: 11:08 11.06.2025) Дар Тошканд дар доираи форуми байналмилалии сармоягузорӣ дидору мулоқоти сарвазири Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи Узбекистон сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард, иттилоъ додааст ҳукумати кишвар.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири кишвар барои иштирок дар дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ба шаҳри Тошканд сафар кард.
Зимни мулоқот бо президенти Узбекистон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро анъанаҳои неки чандинасраи ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад.
Ҷонибҳо дурнамои рушди устувори муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкории созандаро умедбахш арзёбӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки давоми солҳои охир робитаҳо байни Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва ҷонибҳо истифодаи имкониятҳои иловагиро барои таҳким бахшидани он зарур донистанд.
Дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, ки таҳти раёсати сарвазирони ду давлат доир шуд, паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дучониба муҳокама гардид.
Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов таҳкими робитаҳои дуҷонибаро ба сиёсати созандаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон марбут донист.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир шудани Форуми байналмилалии сармоягузории Тошкандро барои рушди робитаҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ намуда, фарогирии бахшу соҳаҳои навро дар робитаҳои дуҷониба ба нафъи ҳарду давлат донист.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи мулоқоти ҳайатҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи манбаъҳои табиӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика равона карда шуд.
Ба тавофуқ расидан ва паҳлуҳои навро фарогир шудани ҳамкорӣ дар бахшҳои соҳаи энергетика ба нафъи ҳарду ҷониб дониста шуд.
Тазаккур дода шуд, ки сиёсати созандаи роҳбарони ду давлат барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд.
Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд бо сухани ифтитоҳии Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев оғоз кард, доир шудани ин тадбири муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим донист.