https://sputnik.tj/20250611/imzoi-sozishnoma-hamkori-rusiya-tojikiston-1068042275.html
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Русия ва Тоҷикистон
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Русия ва Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи ҳамкорӣ ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард
2025-06-11T14:25+0500
2025-06-11T14:25+0500
2025-06-11T14:25+0500
дар тоҷикистон
русия
суғд
тиҷорат
ҳамкорӣ
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/03/1064182245_90:167:2730:1652_1920x0_80_0_0_f547668115558ab16d6aa21b2500b639.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”-и Тоҷикистон ва "Воронеж"-и Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст."Созишномае, ки аз ҷониби МОИ "Суғд" - Тоҷикистон ва "Воронеж" - Русия имзо шудааст, ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ равона шудааст", — таъкид кардааст ҳукумати вилояти Суғд.Санади мазкур дар ҷараёни сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Воронеж ба имзо расонида шудааст.Ба ҷуз аз тавофуқоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, миёни утоқҳои бозаргонӣ ва саноъати ду минтақа низ чунин тавофуқҳо ба даст омадаанд. Ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо фаъолияти як қатор иншооти пешрафтаи саноатӣ ва логистикии минтақа, аз ҷумла анборҳои тақсимоти шабакаи супермаркетҳои "Пятерочка", ширкати нӯшокиҳои "Global Drinks", ширкати "Kobil Group" ва корхонаи "Масленица" шинос шуд."Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеъаи интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия изҳор доштанд. Аз ҷумла, дар мавриди сафари гурӯҳи кории ширкати "Пятерочка" ба вилояти Суғд ҷиҳати арзёбии имконоти хариди мустақими маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳо тавофуқи пешакӣ ҳосил шуд", - иттилоъ додааст манбаъ.Тавре хадамоти матбуот қайд намудааст созишномаҳои имзошуда, барои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳои логистикӣ ва ҳавасмандгардонии савдои мутақобилан байни минтақаҳо заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39853
русия
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/03/1064182245_243:33:2609:1807_1920x0_80_0_0_d521dbf1e2725bc5f9f871c62c777717.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, созишнома, мои, суғд
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, созишнома, мои, суғд
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Русия ва Тоҷикистон
Созишномаи ҳамкорӣ ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”-и Тоҷикистон ва "Воронеж"-и Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.
"Созишномае, ки аз ҷониби МОИ "Суғд" - Тоҷикистон ва "Воронеж" - Русия имзо шудааст, ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ равона шудааст", — таъкид кардааст ҳукумати вилояти Суғд.
Санади мазкур дар ҷараёни сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Воронеж ба имзо расонида шудааст.
Ба ҷуз аз тавофуқоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, миёни утоқҳои бозаргонӣ ва саноъати ду минтақа низ чунин тавофуқҳо ба даст омадаанд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо фаъолияти як қатор иншооти пешрафтаи саноатӣ ва логистикии минтақа, аз ҷумла анборҳои тақсимоти шабакаи супермаркетҳои "Пятерочка", ширкати нӯшокиҳои "Global Drinks", ширкати "Kobil Group" ва корхонаи "Масленица" шинос шуд.
"Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеъаи интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия изҳор доштанд. Аз ҷумла, дар мавриди сафари гурӯҳи кории ширкати "Пятерочка" ба вилояти Суғд ҷиҳати арзёбии имконоти хариди мустақими маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳо тавофуқи пешакӣ ҳосил шуд", - иттилоъ додааст манбаъ.
Тавре хадамоти матбуот қайд намудааст созишномаҳои имзошуда, барои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳои логистикӣ ва ҳавасмандгардонии савдои мутақобилан байни минтақаҳо заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.