https://sputnik.tj/20250609/vao-kobul-beob-mond-1067986377.html
ВАО: Кобул то соли 2030 комилан беоб хоҳад монд
ВАО: Кобул то соли 2030 комилан беоб хоҳад монд
Sputnik Тоҷикистон
Қариб нисфи чоҳҳои шаҳрии пойтахт хушк шудаанд, кашидани об аз зери замин назар ба оби табиӣ хеле зиёд аст
2025-06-09T12:45+0500
2025-06-09T12:45+0500
2025-06-09T12:57+0500
афғонистон
кобул
оби нӯшокӣ
оби тоза
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/63/1023946325_0:149:3113:1900_1920x0_80_0_0_dfa98fcaa979ed8841963f8082528462.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Пойтахти Афғонистон метавонад аввалин шаҳри муосире шавад, ки аз об дар он тамом мешавад, менависад The Guardian бо истинод ба гузориши созмони Mercy Corps. Бар асоси ин гузориш, тайи 10 соли ахир бар асари шаҳрнишинии сареъ ва тағйири иқлим сатҳи об дар обанборҳои шаҳр 30 метр поин рафтааст. Дар ҳамин ҳол, тақрибан нисфи чоҳҳои шаҳр, ки манбаи асосии оби ошомидании сокинони шаҳр мебошанд, хушк шудаанд.Ҳоло истеҳсоли об назар ба захираи оби табий соле 44 млн метри мукааб зиёд аст.Коршиносон бар ин назаранд, ки дар сурати идомаи ин тамоюл, Кобул то соли 2030 манобеъи оби зеризаминии худро комилан тамом мекунад, ки барои ҳафт миллион сокини ин шаҳр хатар эҷод мекунад. Илова бар ин, як мушкили дигари маъмул дар баробари камбуди об ифлосшавии он аст. То 80 дарсади обҳои зеризаминии пойтахти Афғонистон аз сабаби зиёд будани ифлособ, шӯр ва хатарнок ҳисобида мешаванд. Ба навиштаи ин нашрия, бархе аз хонаводаҳои афғон то 30 дарсади даромади худро барои об масраф мекунанд, беш аз 2/3 ҳиссаи онҳо аз таъмини об қарз доранд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39605
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/63/1023946325_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_6bf8aca9d9986c00dc29b9ba88665547.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вао кобул беоб монд
ВАО: Кобул то соли 2030 комилан беоб хоҳад монд
12:45 09.06.2025 (Навсозишуда: 12:57 09.06.2025) Қариб нисфи чоҳҳои шаҳрии пойтахт хушк шудаанд, кашидани об аз зери замин назар ба оби табиӣ хеле зиёд аст
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Пойтахти Афғонистон метавонад аввалин шаҳри муосире шавад, ки аз об дар он тамом мешавад, менависад The Guardian бо истинод ба гузориши созмони Mercy Corps.
Бар асоси ин гузориш, тайи 10 соли ахир бар асари шаҳрнишинии сареъ ва тағйири иқлим сатҳи об дар обанборҳои шаҳр 30 метр поин рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, тақрибан нисфи чоҳҳои шаҳр, ки манбаи асосии оби ошомидании сокинони шаҳр мебошанд, хушк шудаанд.
Ҳоло истеҳсоли об назар ба захираи оби табий соле 44 млн метри мукааб зиёд аст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар сурати идомаи ин тамоюл, Кобул то соли 2030 манобеъи оби зеризаминии худро комилан тамом мекунад, ки барои ҳафт миллион сокини ин шаҳр хатар эҷод мекунад.
Илова бар ин, як мушкили дигари маъмул дар баробари камбуди об ифлосшавии он аст.
То 80 дарсади обҳои зеризаминии пойтахти Афғонистон аз сабаби зиёд будани ифлособ, шӯр ва хатарнок ҳисобида мешаванд.
Ба навиштаи ин нашрия, бархе аз хонаводаҳои афғон то 30 дарсади даромади худро барои об масраф мекунанд, беш аз 2/3 ҳиссаи онҳо аз таъмини об қарз доранд.