https://sputnik.tj/20250609/tolibon-pahpodho-intihori-sokhti-khudro-ozmoish-1067968858.html
Толибон* паҳподҳои интиҳории сохти худро озмоиш доранд
Толибон* паҳподҳои интиҳории сохти худро озмоиш доранд
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо хабар доданд, ки Толибон* дар пайи сохт паҳподҳои интиҳорӣ ҳастанд, ки метавонанд ба аҳдофии фаротар аз марзҳои Афғонистон ҳамла кунанд
2025-06-09T11:01+0500
2025-06-09T11:01+0500
2025-06-09T11:37+0500
афғонистон
толибон
паҳпод
озмоишгоҳ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/09/1067979767_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_3f917d45f1d5002747e22607f4682798.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Толибон* акнун аз як пойгоҳи собиқи неруҳои вижаи Бритониё (SAS) дар вилояти Лугар баҳра мебарад то "неруии ҳавоӣ" паҳподии худро тавсеа диҳад, иттилоъ додааст Радиои дарӣ дар истинод ба як рӯзномаҳои бритониёӣ.Ин пойгоҳ, ки дар даврони ҳузури низомиёни Бритониё дар Афғонистон барои амалиёти вижа истифода мешуд, ба маркази аслии озмоиши паҳподҳои интиҳории ҳукумати Толибон* табдил шудааст.Манобеъ мегуянд, ки парвозҳои озмоишӣ аз ин пойгоҳ анҷом шуда ва бархе аз паҳподҳо дар ҳамалоте дар манотиқи марзии Покистон низ ба кор рафтаанд.Ба гуфта ин манобеъ, Толибон* бо кумаки муҳандисони байналмилалӣ, аз ҷумлаи афроде муртабит бо Алқоъида** касоне бо таҳсилот дар кишварҳои ғарбӣ, муваффақ шуда даҳҳо паҳподро тавсеа ва тавлид кунад.Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Толибон* дар ҳоли сохт нусхаҳои мушобеҳӣ аз паҳподҳои пешрафта монанди “MQ - 9 Reaper” амрикоӣ ва “Шоҳид 136”-и Эронӣ аст.Сохт бадан ва монтажи ниҳои паҳподҳо умдатан дар пойгоҳи пешини Амрико ба ном "кампи Фуникс" дар наздикии Кобул анҷом мешавад.Ин камп, пеш аз хуруҷи неруҳои ғарбӣ дар соли 2021 яке аз марокизи муҳими омӯзиш ва логистикии артиши Афғонистон буд ва акнун ба таъсисоти санъатии махфӣ барои сохт паҳподҳои Толибон* табдил шудааст.Бар асоси иттилоот, коршиносон аз Чин, Туркия, Бангладеш ва дигар кишварҳо бо Толибон* дар ин пружа ҳамкорӣ доранд.Қайд карда шудааст, ки бархе қатаъот низ аз ин кишварҳо ворид мешаванд.Бар асоси гузориши рӯзномаи англисӣ, афзоиши тавонои Низомии Толибон* аз тариқи фанноварии паҳподӣ, нигарониҳои амниятии зиёдиро дар миёни бархе кишварҳои минтақа ва сервисҳои иттилоотии ғарбӣ барангехтааст, зеро Толибон* акнун ба ҷои ҷангафзорҳои суннатӣ, ба самти тавсеаи сомонаҳои ҳушманд ва ҳамалот аз роҳи давр ҳаракат кардааст.*- ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.**- Созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39590
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/09/1067979767_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_7111a48e93f75e042f571124964b5689.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, осиёи марказӣ, паҳпод, сохт, озмоиш
афғонистон, толибон, осиёи марказӣ, паҳпод, сохт, озмоиш
Толибон* паҳподҳои интиҳории сохти худро озмоиш доранд
11:01 09.06.2025 (Навсозишуда: 11:37 09.06.2025) Расонаҳо хабар доданд, ки Толибон* дар пайи сохт паҳподҳои интиҳорӣ ҳастанд, ки метавонанд ба аҳдофии фаротар аз марзҳои Афғонистон ҳамла кунанд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Толибон* акнун аз як пойгоҳи собиқи неруҳои вижаи Бритониё (SAS) дар вилояти Лугар баҳра мебарад то "неруии ҳавоӣ" паҳподии худро тавсеа диҳад, иттилоъ додааст Радиои дарӣ дар истинод ба як рӯзномаҳои бритониёӣ.
Ин пойгоҳ, ки дар даврони ҳузури низомиёни Бритониё дар Афғонистон барои амалиёти вижа истифода мешуд, ба маркази аслии озмоиши паҳподҳои интиҳории ҳукумати Толибон* табдил шудааст.
Манобеъ мегуянд, ки парвозҳои озмоишӣ аз ин пойгоҳ анҷом шуда ва бархе аз паҳподҳо дар ҳамалоте дар манотиқи марзии Покистон низ ба кор рафтаанд.
Ба гуфта ин манобеъ, Толибон* бо кумаки муҳандисони байналмилалӣ, аз ҷумлаи афроде муртабит бо Алқоъида** касоне бо таҳсилот дар кишварҳои ғарбӣ, муваффақ шуда даҳҳо паҳподро тавсеа ва тавлид кунад.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Толибон* дар ҳоли сохт нусхаҳои мушобеҳӣ аз паҳподҳои пешрафта монанди “MQ - 9 Reaper” амрикоӣ ва “Шоҳид 136”-и Эронӣ аст.
Сохт бадан ва монтажи ниҳои паҳподҳо умдатан дар пойгоҳи пешини Амрико ба ном "кампи Фуникс" дар наздикии Кобул анҷом мешавад.
Ин камп, пеш аз хуруҷи неруҳои ғарбӣ дар соли 2021 яке аз марокизи муҳими омӯзиш ва логистикии артиши Афғонистон буд ва акнун ба таъсисоти санъатии махфӣ барои сохт паҳподҳои Толибон* табдил шудааст.
Бар асоси иттилоот, коршиносон аз Чин, Туркия, Бангладеш ва дигар кишварҳо бо Толибон* дар ин пружа ҳамкорӣ доранд.
Қайд карда шудааст, ки бархе қатаъот низ аз ин кишварҳо ворид мешаванд.
Бар асоси гузориши рӯзномаи англисӣ, афзоиши тавонои Низомии Толибон* аз тариқи фанноварии паҳподӣ, нигарониҳои амниятии зиёдиро дар миёни бархе кишварҳои минтақа ва сервисҳои иттилоотии ғарбӣ барангехтааст, зеро Толибон* акнун ба ҷои ҷангафзорҳои суннатӣ, ба самти тавсеаи сомонаҳои ҳушманд ва ҳамалот аз роҳи давр ҳаракат кардааст.
*- ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
**- Созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон