https://sputnik.tj/20250609/omodagi-davati-tiramohi-vazorati-difo-komissariat-harbi-1067991247.html
Омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ: дар Вазорати дифоъ фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ баррасӣ шуд
Омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ: дар Вазорати дифоъ фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд барои безтар кардани даъвати баҳорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамоишҳои пешаздаъватӣ доир карда мешаванд
2025-06-09T14:50+0500
2025-06-09T14:50+0500
2025-06-09T14:50+0500
дар тоҷикистон
хизмат
хизмати ҳарбӣ
вазорати дифоъи тоҷикистон
даъвати тирамоҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/09/1067990610_246:137:1280:719_1920x0_80_0_0_8053809f30a14d60c56c33ccae3f2fdc.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо, сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон гузаронида шаванд.Дар ин бора вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки комиссияҳои даъватӣ корро дар ин самт босамар ташкил намуда, меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳаро риоя намоянд.Қайд карда шудааст, ки ин масъала ахимран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати дифои Тоҷикистон баррасӣ шуд.Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ дар маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.Масъулини вазорати дифоъ ва ситоди кулли артиш дар ин ҷаласа даъвати баҳории соли 2025 –ро баррасӣ намуданд ва пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳуриро аз дарки баланди масъулият ва иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.Дар ҷаласа ба масоили муайян намудани шумораи мушаххасси захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.Ҳамчунин дар ҷаласа вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷинояткорӣ, кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон қайд гардид.Вазири дифои кишвар Эмомалӣ Собирзода бо таҳлили вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, инчунин авҷ гирифтани ихтилофу зиддиятҳо дар як қатор кишварҳои алоҳида таъкид кард, ки ба тоҷикистониён зарур аст аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак бошем, тамоми вазифаву уҳдадориҳои дар самти таъмини мудофиаи давлат ва амнияти мардум бар уҳдадоштаро бо масъулиятияти баланд иҷро намоем.Ҳамзамон, ба масъулини ҷузъу томҳо дастур дода шуд, ки дар фаъолияти ҳамарӯза ба сатҳи касбият, донишу таҷрибаи ҳайати шахсӣ, омодабошии доимии ҷангӣ ва сатҳи баланди таъминоту хизматрасонӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият аҳамияти аввалиндараҷа равона карда шавад.
https://sputnik.tj/20250502/vazorati-difo-davati-bahori-safi-artishi-tojikiston-1067199113.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/09/1067990610_297:0:1256:719_1920x0_80_0_0_f1b6e7b6f498fa87d336e8ab94e23f99.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати дифоъ, даъвати тирамоҳӣ, баррасӣ, амният, хидмати аскарӣ
тоҷикистон, вазорати дифоъ, даъвати тирамоҳӣ, баррасӣ, амният, хидмати аскарӣ
Омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ: дар Вазорати дифоъ фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ баррасӣ шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд барои безтар кардани даъвати баҳорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамоишҳои пешаздаъватӣ доир карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо, сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон гузаронида шаванд.
Дар ин бора вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки комиссияҳои даъватӣ корро дар ин самт босамар ташкил намуда, меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳаро риоя намоянд.
Қайд карда шудааст, ки ин масъала ахимран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати дифои Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ дар маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъулини вазорати дифоъ ва ситоди кулли артиш дар ин ҷаласа даъвати баҳории соли 2025 –ро баррасӣ намуданд ва пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳуриро аз дарки баланди масъулият ва иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.
Дар ҷаласа ба масоили муайян намудани шумораи мушаххасси захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷинояткорӣ, кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон қайд гардид.
Вазири дифои кишвар Эмомалӣ Собирзода бо таҳлили вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, инчунин авҷ гирифтани ихтилофу зиддиятҳо дар як қатор кишварҳои алоҳида таъкид кард, ки ба тоҷикистониён зарур аст аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак бошем, тамоми вазифаву уҳдадориҳои дар самти таъмини мудофиаи давлат ва амнияти мардум бар уҳдадоштаро бо масъулиятияти баланд иҷро намоем.
Ҳамзамон, ба масъулини ҷузъу томҳо дастур дода шуд, ки дар фаъолияти ҳамарӯза ба сатҳи касбият, донишу таҷрибаи ҳайати шахсӣ, омодабошии доимии ҷангӣ ва сатҳи баланди таъминоту хизматрасонӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият аҳамияти аввалиндараҷа равона карда шавад.