https://sputnik.tj/20250608/peshgiri-gharqshavi-navrason-khujand-kudakon-shinogoh-1067963910.html
Пешгирӣ аз ғарқшавии наврасон: Дар Хуҷанд барои кӯдакон шиногоҳҳои махсус месозанд
Пешгирӣ аз ғарқшавии наврасон: Дар Хуҷанд барои кӯдакон шиногоҳҳои махсус месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла шиногоҳҳо вақт мегузаронанд
2025-06-08T16:56+0500
2025-06-08T16:56+0500
2025-06-09T11:12+0500
дар тоҷикистон
оббозӣ
сирдарё
шиноварӣ
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/09/1067977649_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_1674d7f59aa01ac2b7e9db1a7bf79786.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ба иттилои мақомоти Хуҷанд барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар мавсими оббозӣ таъмини бехатарии сокинон дар мадди назари масъулин қарор дорад.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти КҲФ Суғд барои кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳо дод.Қайд карда шудааст, ки айни замон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин мебошад.Қайд карда шудааст, ки ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорати КҲФ тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки бо мақсади истироҳату таъмини зиндагии шоиста ба мардум мавзеъҳои истироҳатии мавсимӣ мавриди истифода қарор мегирад.Ҳамзамон зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода масъулин ба ӯ маъхлумот доданд, ки дар шиногоҳҳо майдонҳои истироҳату фароғат, машқу тамрин низ соххта мешаванд.Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз ду шиногоҳи нав: назди тарабхонаи "Форел" ва Боғи "Ғалаба" дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки барои фароғати шаҳрвандон нуктаҳои савдо бештар карда шуда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини инфрасохтори шиногоҳ тадбирҳо андешида шавад.Масъулини ҳифзи муҳити зист вазифадор шуданд, ки соҳили дарёро аз ҳамагуна алафҳои бегона ва партовҳо тоза намоянд.
https://sputnik.tj/20250516/hushdori-khf-garmi-mani-obbozi-dar-joyhoi-mamnu-1067353560.html
сирдарё
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/09/1067977649_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_0f28f4cdb491ded84703c330e5da4c84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, шиногоҳ, оббозӣ, раҷаб аҳмадзода, кҳф, сир
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, шиногоҳ, оббозӣ, раҷаб аҳмадзода, кҳф, сир
Пешгирӣ аз ғарқшавии наврасон: Дар Хуҷанд барои кӯдакон шиногоҳҳои махсус месозанд
16:56 08.06.2025 (Навсозишуда: 11:12 09.06.2025) Бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла шиногоҳҳо вақт мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ба иттилои мақомоти Хуҷанд барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар мавсими оббозӣ таъмини бехатарии сокинон дар мадди назари масъулин қарор дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти КҲФ Суғд барои кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳо дод.
Қайд карда шудааст, ки айни замон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорати КҲФ тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки бо мақсади истироҳату таъмини зиндагии шоиста ба мардум мавзеъҳои истироҳатии мавсимӣ мавриди истифода қарор мегирад.
“Ҳамчунин барои кӯдакон ҳавзҳои сунъӣ сохта мешаванд. Шиногоҳ бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои хориҷиён низ пешбинӣ мегардад”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҳамзамон зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода масъулин ба ӯ маъхлумот доданд, ки дар шиногоҳҳо майдонҳои истироҳату фароғат, машқу тамрин низ соххта мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз ду шиногоҳи нав: назди тарабхонаи "Форел" ва Боғи "Ғалаба" дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки барои фароғати шаҳрвандон нуктаҳои савдо бештар карда шуда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини инфрасохтори шиногоҳ тадбирҳо андешида шавад.
Масъулини ҳифзи муҳити зист вазифадор шуданд, ки соҳили дарёро аз ҳамагуна алафҳои бегона ва партовҳо тоза намоянд.