Дар Бохтар 6 мансабдорро ҷарима карданд

© Sputnik / Амир ИсаевЛетний фестиваль в Душанбе
Летний фестиваль в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2025
Обуна шудан
Мансабдорро барои риоя накардани қоидаҳои кашонидани партов ва безараргардонии онҳо ҷарима шуданд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар давоми 5 моҳи соли равон шаш мансабдор барои риоя накардани қоидаҳои кашонидани партов ва безараргардонии онҳо ҷарима шуданд.
Дар ин бора Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр хабар дод. Манбаъ афзуд, ҷаримаи мансабдорон дар умум беш аз 18 ҳазор сомониро ташкил дод.
Гуфта мешавад, яке аз мансабдорон директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳр мебошад.
Ҳамчунин собиқ роҳбари Корхонаи давлатии фаръии Хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар, ду раиси кумитаи маҳалла, мутахассиси бахши манзилию коммуналии мақомоти шаҳр ва як масъули КФД “Таъмиру истифодабарии иншооти манзилии шаҳри Бохтар” барои нақз кардани қоида ҷарима шуданд.
Милитсияи Душанбе 10 гӯштфурӯшро ҷарима кард.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки 5 нафар аз ин масъулонро 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 1500 сомонӣ ҳар яке аз онҳо ва директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳрро 10,8 ҳазор ҷарима карданд, ки аз инҳо як нафараш ихтиёрӣ маблағро супоридааст ва боқимонда тариқи суд маблағро пардохт карданд.
Дар умум аз ҷониби кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ нисбати 96 нафар ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд, ки аз ин 51,9 ҳазораш ситонида шудааст.
Манбаъ илова кард, ки қисмате аз ин ҷаримаҳо дар соли гузашта баста шуда буданд ва маблағи онҳо дар соли равон пардохт шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0