https://sputnik.tj/20250607/putin-sayyohat-qalbi-avruosiyo-namunai-diplomatiyai-mardumi-1067933978.html
Путин "Сайёҳат ба қалби АвруОсиё"-ро намунаи дипломатияи мардумӣ номид
Путин "Сайёҳат ба қалби АвруОсиё"-ро намунаи дипломатияи мардумӣ номид
Sputnik Тоҷикистон
Иштирокчиёни сайёҳат бояд зиёда аз 8 ҳазор километр роҳро тай намуда, аз беш аз 30 шаҳри панҷ кишвар АвруОсиё дидан кунанд
2025-06-07T12:01+0500
2025-06-07T12:01+0500
2025-06-07T12:01+0500
дар тоҷикистон
сайёҳат
авруосиё
русия
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1d/1067558627_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c65da837f94dd403de6584c2420f4814.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Экспедитсияи байналмилалии "Сайёҳат ба қалби АвруОсиё", ки дар он намояндагони панҷ кишвари дӯст – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат мекунанд, намунаи олии дипломатияи мардумист.Гуфт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар табрикоти худ ба иштирокчиёни ин экспедиция.Паёми роҳбари Русияро дар маросими ифтитоҳи “Сайёҳат ба қалби АвруОсиё” мудири департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник қироат кард."Экспедитсияи байнулмилалии "Сайёҳат ба қалби АвруОсиё" ба сафар мебарояд. Дар татбиқи ин тарҳи бузург олимон, фарҳангиён, соҳибкрон ва ҷавонони панҷ кишвари дӯст - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон - ширкат доранд", - зикр кард Путин.Вай афзуд, иштирокчиён дар ин сафари худ шаҳрҳои мухталиф ва бояд беш аз 850 километр тай намоянд."Сайёҳат ба қалби АвруОсиё" намунаи олиҷаноби дипломатияи мардумист. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус дар соли таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳимтарин рӯйдоди таърихи муштараки халқҳои мо баргузор мешавад", - таъкид кард президент.Дар тамоми марҳилаҳои сафар семинарҳои илмӣ, намоишу форумҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳои мардумӣ баргузор мешаванд, гуфт роҳбари Русия дар паёми худ.Аъзоёни ин экспедитсия баъди расидан ба макони ниҳоии масир шаҳри Душанбе расидан, дар нахустин Форуми иқтисодии байналмилалии Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.“Боварӣ дорам, ки чунин иқдоми муштарак ба ҳифз ва таҳкими анъанаҳои неки дӯстӣ ва ёрии байниҳамдигар, ки ба падарону бобоёни мо дар наҷот додани ҷаҳон аз асорати фашистӣ кумак кардаанд ва бешубҳа, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созанда дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо мусоидат мекунад", - гуфт Путин.Дар хотима Путин аз ҳамаи онҳое, ки ин ташаббусро ташкил кардаанд изҳори сипос намуда, ба иштирокчиёни он сафари бехатар ва таассуроти равшану фаромӯшнашаванда таманно намуд.
https://sputnik.tj/20250502/sayohat-avruosiyo-ekspeditsiyai-sayyohi-rusiya-tojikiston-1067202377.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1d/1067558627_143:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_07e45f3e290fb00edcc6cacbf43dee80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сайёҳат, путин. авруосиё, дипломати, мардумӣ,
тоҷикистон, сайёҳат, путин. авруосиё, дипломати, мардумӣ,
Путин "Сайёҳат ба қалби АвруОсиё"-ро намунаи дипломатияи мардумӣ номид
Иштирокчиёни сайёҳат бояд зиёда аз 8 ҳазор километр роҳро тай намуда, аз беш аз 30 шаҳри панҷ кишвар АвруОсиё дидан кунанд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Экспедитсияи байналмилалии "Сайёҳат ба қалби АвруОсиё", ки дар он намояндагони панҷ кишвари дӯст – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат мекунанд, намунаи олии дипломатияи мардумист.
Гуфт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар табрикоти худ ба иштирокчиёни ин экспедиция.
Паёми роҳбари Русияро дар маросими ифтитоҳи “Сайёҳат ба қалби АвруОсиё” мудири департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник қироат кард.
"Экспедитсияи байнулмилалии "Сайёҳат ба қалби АвруОсиё" ба сафар мебарояд. Дар татбиқи ин тарҳи бузург олимон, фарҳангиён, соҳибкрон ва ҷавонони панҷ кишвари дӯст - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон - ширкат доранд", - зикр кард Путин.
Вай афзуд, иштирокчиён дар ин сафари худ шаҳрҳои мухталиф ва бояд беш аз 850 километр тай намоянд.
"Сайёҳат ба қалби АвруОсиё" намунаи олиҷаноби дипломатияи мардумист. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус дар соли таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳимтарин рӯйдоди таърихи муштараки халқҳои мо баргузор мешавад", - таъкид кард президент.
Дар тамоми марҳилаҳои сафар семинарҳои илмӣ, намоишу форумҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳои мардумӣ баргузор мешаванд, гуфт роҳбари Русия дар паёми худ.
Аъзоёни ин экспедитсия баъди расидан ба макони ниҳоии масир шаҳри Душанбе расидан, дар нахустин Форуми иқтисодии байналмилалии Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.
“Боварӣ дорам, ки чунин иқдоми муштарак ба ҳифз ва таҳкими анъанаҳои неки дӯстӣ ва ёрии байниҳамдигар, ки ба падарону бобоёни мо дар наҷот додани ҷаҳон аз асорати фашистӣ кумак кардаанд ва бешубҳа, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созанда дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо мусоидат мекунад", - гуфт Путин.
Дар хотима Путин аз ҳамаи онҳое, ки ин ташаббусро ташкил кардаанд изҳори сипос намуда, ба иштирокчиёни он сафари бехатар ва таассуроти равшану фаромӯшнашаванда таманно намуд.