https://sputnik.tj/20250606/sayyohat-qalbi-avruosiyo-maskav-dushanbe-video-1067934398.html
“Сайёҳат ба қалби Авруосиё”: Аз Маскав оғоз ёфту дар Душанбе хотима меёбад -видео
“Сайёҳат ба қалби Авруосиё”: Аз Маскав оғоз ёфту дар Душанбе хотима меёбад -видео
Sputnik Тоҷикистон
Маросими ифтитоҳи тантанавии экспедитсияи байналмилалии "Саёҳат ба қалби Авруосиё" назди фаввораи "Дӯстии халқҳо" дар ВДНХ баргузор шуд
2025-06-06T18:58+0500
2025-06-06T18:58+0500
2025-06-06T18:58+0500
видео
сайёҳат
авруосиё
русия
маскав
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/06/1067937564_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b8d106caa469c56d7e4b5404f2fcb2fa.jpg
Экспедитсияи сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025" аз майдони ВДНХ -и Маскав шурӯъ шуда, даҳҳо мошин ба роҳ баромаднад.Экспедитсияи сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025" аз шаҳрҳои панҷ кишвар мегузарад.Ҳамин тариқ, экспедитсия аз Русия оғоз ёфта, тариқи роҳ бо 25 мошин аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта ба Тоҷикистон ворид мегардад.Ин як лоиҳаи беназирест, ки ба эҷоди фазои умумии эътимод ва ҳамкорӣ тавассути муколамаи байнифарҳангӣ, муттаҳид кардани мардуми фаъол, созанда ва ташаббускор дар Осиёи Марказӣ ва Русия нигаронида шудааст.“Саёҳат ба қалби Авруосиё”: Баргузории экспедитсияи сайёҳӣ аз Русия ба ТоҷикистонТавре Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба муносибати оғози "Саёҳат ба қалби Авруосиё" гуфт, ин экспедитсия барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад.Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмонро сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар оғози тантанавии экспедитсия дар Маскав қироат кард, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон."Имрӯз мо шоҳиди ифтитоҳи саҳифаи нав дар таърихи ҳамкориҳои худ ҳастем, ки дар он ҷуғрофия ва фарҳанг ба як масири ягонаи имкониятҳо, эътимод ва оянда пайваст мешаванд", - омадааст дар паёми президенти Тоҷикистон.Wildberries аҳамияти лоиҳаи "Сафар ба қалби Авруосиё"-ро таъкид кардАнҷоми дурахшони экспедитсияи "Саёҳат ба қалби Авруосиё" дар Душанбе доир мегардад,Корвони дӯстӣ қариб 8 ҳазор километр роҳро тай карда, бо фарҳангу анъанаҳои кишварҳои минтақа шинос шуда, 22 июл дар Тоҷикистон хотима меёбад.
русия
маскав
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/06/1067937564_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_80092d1ae59b4bcd25819a6dedcd37d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сайёҳат, русия, маскав, душанбе, авруосиё сайёҳӣ
тоҷикистон, сайёҳат, русия, маскав, душанбе, авруосиё сайёҳӣ
“Сайёҳат ба қалби Авруосиё”: Аз Маскав оғоз ёфту дар Душанбе хотима меёбад -видео
Маросими ифтитоҳи тантанавии экспедитсияи байналмилалии "Саёҳат ба қалби Авруосиё" назди фаввораи "Дӯстии халқҳо" дар ВДНХ баргузор шуд
Экспедитсияи сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025" аз майдони ВДНХ -и Маскав шурӯъ шуда, даҳҳо мошин ба роҳ баромаднад.
Экспедитсияи сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025" аз шаҳрҳои панҷ кишвар мегузарад.
Ҳамин тариқ, экспедитсия аз Русия оғоз ёфта, тариқи роҳ бо 25 мошин аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта ба Тоҷикистон ворид мегардад.
Ин як лоиҳаи беназирест, ки ба эҷоди фазои умумии эътимод ва ҳамкорӣ тавассути муколамаи байнифарҳангӣ, муттаҳид кардани мардуми фаъол, созанда ва ташаббускор дар Осиёи Марказӣ ва Русия нигаронида шудааст.
Тавре Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба муносибати оғози "Саёҳат ба қалби Авруосиё" гуфт, ин экспедитсия барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад.
Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмонро сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар оғози тантанавии экспедитсия дар Маскав қироат кард, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Имрӯз мо шоҳиди ифтитоҳи саҳифаи нав дар таърихи ҳамкориҳои худ ҳастем, ки дар он ҷуғрофия ва фарҳанг ба як масири ягонаи имкониятҳо, эътимод ва оянда пайваст мешаванд", - омадааст дар паёми президенти Тоҷикистон.
Анҷоми дурахшони экспедитсияи "Саёҳат ба қалби Авруосиё" дар Душанбе доир мегардад,
Корвони дӯстӣ қариб 8 ҳазор километр роҳро тай карда, бо фарҳангу анъанаҳои кишварҳои минтақа шинос шуда, 22 июл дар Тоҷикистон хотима меёбад.