https://sputnik.tj/20250606/rustam-emomali-idi-qurbon-sokinon-kumaki-niyozmandon-sarfakori-1067924610.html
Рустам Эмомалӣ дар Иди Қурбон сокинонро ба кӯмаки ниёзмандон ва сарфакорӣ даъват кард
Рустам Эмомалӣ дар Иди Қурбон сокинонро ба кӯмаки ниёзмандон ва сарфакорӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ сокинон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо Иди Қурбон табрик гуфт
2025-06-06T14:31+0500
2025-06-06T14:31+0500
2025-06-06T14:31+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
паёми табрикот
иди қурбон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/06/1067921225_0:187:1280:907_1920x0_80_0_0_e3f4c4eb921d0562b6e22474b4ae0d70.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш ба муносибати Иди Қурбон таъкид кардааст, ки Иди Қурбон рамзи адолату инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва меҳру муҳаббат ба инсонҳост.Вай сокинонро ба раҳму шафқат, бахшишу меҳрубонӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар даъват кард.Ҳамчунин вай аз мардум хост, ки дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, то арзишҳои аслии ин ҷашни суннатӣ ба монанди накукориву хоксорӣ ва сарфакориву инсондӯстӣ дар замири насли наврас тақвият ёбанд.Дар паёмаш раиси шаҳри Душанбе Иди Қурбонро ба ҳамдиёрон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон шодбош гуфт.“Ба ҳар як хонадон сулҳу сафо, баракати рӯзгор, саломатии комил ва ба кишвари азизамон амну фаровонӣ орзу менамоям”, - зикр кард Рустам Эмомалӣ.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39740
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/06/1067921225_46:8:1234:899_1920x0_80_0_0_47ca5a39a93eec5acc368d014d9a7ea3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, иди қурбон, табрикот, сарфакорӣ, кӯмаки ниёзмандон
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, иди қурбон, табрикот, сарфакорӣ, кӯмаки ниёзмандон
Рустам Эмомалӣ дар Иди Қурбон сокинонро ба кӯмаки ниёзмандон ва сарфакорӣ даъват кард
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ сокинон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо Иди Қурбон табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш ба муносибати Иди Қурбон таъкид кардааст, ки Иди Қурбон рамзи адолату инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва меҳру муҳаббат ба инсонҳост.
Вай сокинонро ба раҳму шафқат, бахшишу меҳрубонӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар даъват кард.
“Дар ин айёми муборак ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари ба ҷо овардани рукни қурбонӣ, ба ятимону шахсони бепарастор, маъюбону беморон ва оилаҳои ниёзманд дасти кумак дароз намуда, аз аҳволашон бохабар бошем”, - қайд кард Рустами Эмомалӣ.
Ҳамчунин вай аз мардум хост, ки дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, то арзишҳои аслии ин ҷашни суннатӣ ба монанди накукориву хоксорӣ ва сарфакориву инсондӯстӣ дар замири насли наврас тақвият ёбанд.
Дар паёмаш раиси шаҳри Душанбе Иди Қурбонро ба ҳамдиёрон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон шодбош гуфт.
“Ба ҳар як хонадон сулҳу сафо, баракати рӯзгор, саломатии комил ва ба кишвари азизамон амну фаровонӣ орзу менамоям”, - зикр кард Рустам Эмомалӣ.