Чорвои қурбонӣ бояд чӣ гуна бошад?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкБараны, архивное фото
Бараны, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2025
Обуна шудан
Иди Қурбон яке аз ду иди аслии мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа фаро мерасаду ба таври густурда дар ҷаҳони ислом таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Иди Қурбон барои мусалмонҳо аз ибодати дастаҷамъии бомдодӣ ва дуо оғоз шуда, баъдан шодбошию қурбониҳо сурат мегиранд.
Дар мавриди чорвое, ки бояд қурбонӣ карда шавад, шариати Ислом бархе талабот муқаррар кардааст.
Қурбонӣ кардани чаҳор навъ ҳайвони ҳалоли хонагӣ ҷоиз аст. Аз ҷумла гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нарина бошад ё модина бошад, метавонанд қурбонӣ карда шаванд.
© SputnikМоли қурбонӣ дар Иди қурбон
Моли қурбонӣ дар Иди қурбон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2025
Як чорвои калони шохдор ва як шутурро метавонанд то ҳафт нафар қурбоникунандагон шарик шуда, бо маслиҳат қурбонӣ намоянд.
Чорвое, ки як чашмаш кӯр, ланг ва ё аксари дандонҳояш рехташуда, бегӯш, бечашм, бедум, лоғар, бемор ё ниҳоят бемадор мебошад, қурбонӣ кардан дуруст нест.
Паёми идии Раҳмон ба мардум: Иди Қурбон тӯй нест, ба исрофкорӣ даст назанед
Дар ҳудуди масҷид ё дар макони махсус барои забҳи чорво аввал мулло ва ё имомхатиб хутба мехонад. Гӯшти барраи қурбонӣ ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда мешавад, аммо пӯсти ҳайвон набояд партофта шавад.
Шутур ва чорвои калони шохдор барои ҳафт нафар қурбонӣ мешавад ва чорвои хурд танҳо барои як кас забҳ карда мешавад
Лентаи хабарҳо
0