Маҳдудияти ҳаракат мошинҳо дар роҳҳои Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомобильное движение в Душанбе. Архивное фото
Автомобильное движение в Душанбе. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2025
Обуна шудан
Ба хотри ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ҳаракати мошинҳо дар бархе аз кӯчаҳои Душанбе то 5 июн маҳдуд мешавад
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ба иттилои ВКД Тоҷикистон санаи 4-ум ва 5-уми июн дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳим дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
Бинобар ин ҳаракати мошинҳо дар баорхе аз кӯчаҳои шаҳр маҳдуд мешавад.
Ба иттилои манбаъ, санаи 4-уми июн аз соати 13:30 то соати 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои М.Мастонгуов, А.Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд мегардад.
Ҳамзамон санаи 5-уми июн низ аз соати 8:00 то 15:00 муваққатан маҳдудшавии ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои С.Айнӣ, А.Дониш ва М.Мастонгулов дар назар дошта шудаанд.
Встреча премьер-министра РФ М. Мишустина и премьер-министра Таджикистана К. Расулзоды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Мишустин: Тоҷикистон як шарики муҳими Русия дар Осиёи Марказӣ аст
ВКД аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодурусти нақлиёт дар кӯчаҳои зикргардида худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 4-5 июн Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргнузор мешавад. Дар ин чорабинӣ нахуствазирони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0