Кумаки як ниҳоди давлатӣ ба 100 оилаи зарардида аз заминларза дар Рашту Тоҷикобод

© Foto / Антимонопольная служба при Правительстве Республики ТаджикистанПомощь пострадавшим от землетрясения в Раште
Помощь пострадавшим от землетрясения в Раште  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2025
Обуна шудан
Дар арафаи Иди Қурбон Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба 100 оилаи зарардида аз заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумаки моддӣ расонидааст
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба 100 оилаи аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра расонида шуд.
Инттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 апрел дар 160-километрии Душанбе, дар минтақаи Рашт заминларзаи шадид рух дод.
Дар натиҷа кӯдаки сесола ба ҳалокат расида, чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин ду минтақа кӯмакҳои башардӯстона равон шуд. Дар ҷаласаи вижаае, ки раисҷумҳур бо ҳукумати кишвар ва раисони ин ду ноҳия баргузор кард супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар хонаҳои осебдидаро барқарор намоянд ва сокиноне, ки дар ҷойи хавф ба сар мебаранд ба ҷои амн кӯчонида шаванд ва ба онҳо бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмони ба заминларза тобовар то 1-уми ноябри соли равон хонаҳои нав сохта дода шавад.
Бо дастури президенти кишвар чанд маротиба корвонҳои кӯмак ба ин ду минтақаи Тоҷикистон равон карда шуд.
Заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли равон дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 17,78 миллион сомонӣ зарар расонидааст.
Помощь президента пострадавшим от землетрясения в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2025
Президент ба Рашт кумаки навбатӣ ирсол кард
Тавре КҲФ хабар дод, ба ноҳияи Рашт 9 миллиону 209 ҳазору 200 сомонӣ ва дар ноҳияи Тоҷикобод 7 миллиону 769 ҳазору 100 сомонӣ зарар расидааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5639 нафар зарар дидаанд.
Қайд карда шуд, ки бар асари заминҷунбӣ дар ин ду ноҳия, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман тахриб шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дидаанд.
Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.
Хабар дода шудааст, ки дар ноҳияи Рашт 34 хона хароб шуда, 116 хона қисман ва 134 хона осеби сабук дидаанд.
Илова бар ин, 59 бинои ёрирасон, 9 бинои мактаб, 6 хонаи фарҳангт, 1,2 километр роҳ, 1,62 километр хатти барқ, 1,7 километр хати обрасонии оби нушокӣ, инчунин 4 объекти кишоварзӣ зарар диданд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод 33 хона хароб шуда, 164 хона қисман ва 187 хона каме осеб дидаанд. Ҳамчунин 87 бинои ёрирасон, 3 мактаб, 1 маркази фароғатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 беморхонаи ноҳиявӣ, 4 километр роҳ, 1 пул, 2,9 километр хатти барқ ​​ва 20,7 километр каналҳои обёрӣ осеб диданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ин ду минтақаи осебдида корҳои барқарорсозӣ идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0