https://sputnik.tj/20250603/mughuliston-iiao-sozishnomai-muvaqqati-tijorati-imzo-1067843747.html
Муғулистон ният дорад, ки бо ИИАО созишномаи муваққатии тиҷоратӣ имзо кунад
Муғулистон ният дорад, ки бо ИИАО созишномаи муваққатии тиҷоратӣ имзо кунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё метавонад як заминаи барои имзои созишномаи нави тиҷоратӣ байни ИИАО ва Муғулистон дар моҳи июн гардад
2025-06-03T18:01+0500
2025-06-03T18:01+0500
2025-06-03T18:01+0500
муғулистон
ииао
авруосиё
тиҷорат
ҳамкорӣ
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/04/1066861191_0:55:2661:1552_1920x0_80_0_0_cb9396eb8c6e43cfa64c1d9d8bc98635.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 3июн — Sputnik. Имкон дорад дар моҳи июни соли равон дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё созишномаи муваққатии тиҷоратӣ байни Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё ва Муғулистон ба имзо расад.Дар ин бора хабаргузории ТАСС дар истинод ба сафири Русия дар Улан-Батор Алексей Евсиков хабар додааст.Сафири Русия дар Муғулистон Алексей Евсиков гуфт, ки агар расмиёти дохилӣ дар кишварҳои ИИАО ва Муғулистон муваффақ бошанд, дар моҳи июни соли 2025 дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё созишномаи муваққатии тиҷорӣ миёни онҳо ба имзо расонида мешавад.Созишнома барои ИИАО бозори Муғулистонро барои содироти ғалла, гӯшт, маҳсулоти ширӣ, асал, равғани растанӣ, шакар, маҳсулоти металлургӣ, воситаҳои нақлиёт ва молҳои кимиёвӣ боз мекунад .Муғулистон ягона кишваре нест, ки мехоҳад бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) минтақаи озоди тиҷоратӣ эҷод кунад.Евсиков гуфт, ки созишнома бо Имороти Муттахидаи Араб аллакай тайёр аст ва то охири сол имзо мешавад. Кори шартнома бо Индонезия ба охир расида истодааст. Музокирот бо Миср дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ фаъолона идома дорад ва бо Тунис гурӯҳи корӣ барои омода кардани созишнома таъсис дода шудааст.Сафир афзуд, ки феълан бо Ҳиндустон машваратҳо идома доранд. Таиланд омодагии худро барои идомаи музокирот дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷорат изҳор кардааст. Шартномаи дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон амалӣ дорад.Айни замон ИИАО минтақаҳои озоди тиҷоратӣ бо Ветнам, Сербия ва Эрон фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20250602/oghozi-muzokiroti-hindiston-iiao-tijorati-ozod-1067815771.html
муғулистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/04/1066861191_0:0:2464:1848_1920x0_80_0_0_2855c60b06b1538587d1ef526d8b3518.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муғулистон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, созишнома, тиҷорати озод, имзо
муғулистон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, созишнома, тиҷорати озод, имзо
Муғулистон ният дорад, ки бо ИИАО созишномаи муваққатии тиҷоратӣ имзо кунад
Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё метавонад як заминаи барои имзои созишномаи нави тиҷоратӣ байни ИИАО ва Муғулистон дар моҳи июн гардад
ДУШАНБЕ, 3июн — Sputnik. Имкон дорад дар моҳи июни соли равон дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё созишномаи муваққатии тиҷоратӣ байни Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё ва Муғулистон ба имзо расад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС дар истинод ба сафири Русия дар Улан-Батор Алексей Евсиков хабар додааст.
Сафири Русия дар Муғулистон Алексей Евсиков гуфт, ки агар расмиёти дохилӣ дар кишварҳои ИИАО ва Муғулистон муваффақ бошанд, дар моҳи июни соли 2025 дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё созишномаи муваққатии тиҷорӣ миёни онҳо ба имзо расонида мешавад.
Созишнома барои ИИАО бозори Муғулистонро барои содироти ғалла, гӯшт, маҳсулоти ширӣ, асал, равғани растанӣ, шакар, маҳсулоти металлургӣ, воситаҳои нақлиёт ва молҳои кимиёвӣ боз мекунад .
Муғулистон ягона кишваре нест, ки мехоҳад бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) минтақаи озоди тиҷоратӣ эҷод кунад.
Евсиков гуфт, ки созишнома бо Имороти Муттахидаи Араб аллакай тайёр аст ва то охири сол имзо мешавад. Кори шартнома бо Индонезия ба охир расида истодааст. Музокирот бо Миср дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ фаъолона идома дорад ва бо Тунис гурӯҳи корӣ барои омода кардани созишнома таъсис дода шудааст.
Сафир афзуд, ки феълан бо Ҳиндустон машваратҳо идома доранд. Таиланд омодагии худро барои идомаи музокирот дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷорат изҳор кардааст. Шартномаи дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон амалӣ дорад.
Айни замон ИИАО минтақаҳои озоди тиҷоратӣ бо Ветнам, Сербия ва Эрон фаъолият доранд.