Любимова: Дастгирии театрҳои русӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт

© Foto / Министерство культуры Российской ФедерацииОльга Любимова и Матлубахон Сатториен обсудили культурное взаимодействие России и Таджикистана
Ольга Любимова и Матлубахон Сатториен обсудили культурное взаимодействие России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2025
Обуна шудан
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз ёфт. Хохишмандон метавонанд бо фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик, инчунин ҳунарҳои мардумӣ шинос шаванд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Русия дар соли 2025 дастгирии театрҳои русии Тоҷикистонро идома медиҳад.
Ин масъала дар мулоқоти вазирони фарҳанги Русия ва Тоҷикистон Олга Любимова ва Матлубахон Сатториён баррасӣ шуд.
Ҳамчунин зимни дидор дурнамои ҳамкориҳои минбаъда низ баррасӣ шуданд, навиштааст Любимова дар шабакаи Telegram-и худ.
"Ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои мо дар сатҳи муносиб нигоҳ дошта мешаванд. Мо лоиҳаҳои муштараки зиёде дорем ва умедворем, ки сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро нигоҳ дорем. Муҳимтарин самти кор дастгирии театрҳои Русия дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Соли ҷорӣ он идома хоҳад ёфт", - омадааст дар гузориш.
Вазир ба санъати киносозӣ низ диққати хос зоҳир кард. Дар рафти суҳбат нақшаҳои офаридани филми бисёрсериягии бадеӣ, ки ба тамошобин дар бораи ягонагии миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳиссаи умумии онҳо дар Ғалабаи Бузург накл мекунад, баррасӣ шуд.
"Умедворем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия боз як қадами амалӣ, марҳалаи дигари муҳим дар густаришу амиқсозии равобити анъанавии мо мегардад", - гуфт ӯ.
Любимова ҳамтои тоҷики худро ба Форуми байналмилалии фарҳангҳои муттаҳида ба шаҳри Санкт-Петербург даъват кард.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русияро вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён оғоз бахшид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2025
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русияро вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён оғоз бахшид.
Дар Маскав ва Қазон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар саҳнаи нави Театри Калон (Болшой театр)сурудхои миллӣ ва асарҳои бастакорони тоҷик намоиш дода шуданд.
Ҳамчунин дар Маскав намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумлаи намоишгоҳи асарҳои беш аз 30 наққоши маъруфи тоҷик баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0