Ихроҷи 49 муҳоҷири афғон дорои мадорики қонунӣ аз Тоҷикистон

© Sputnik / Sertac KayarАфганские беженцы. Архивное фото
Афганские беженцы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2025
Обуна шудан
Вазорати муҳоҷирон ва бозгашткунандагони Толибон* эълом кардааст ки 49 тан аз муҳоҷирони афғон ба далоили номаълум аз Тоҷикистони ихроҷ шудаанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Вазорати муҳоҷирон ва бозгашткунандагони Толибон* мегӯянд муҳоҷирон аз тариқи бандари Шерхон дар вилояти Қундуз ба Афғонистон бозгардонда шудаанд.
Ба гузориши “Хабаргузории ҷумҳур”, вазорати муҳоҷирон ва бозгашткунандагон Толибон* ахиран бо нашри иттилоияе хабар дод, ки 49 шаҳрванди Афғонистон чанд рӯз пеш аз Тоҷикистон ихроҷ ва аз тариқи бандари Шерхон дар вилояти Қундуз ба кишвар бозгаштаанд.
Ба гуфта ин вазорат, 36 тан аз ин афрод дорои корти иқомат Тоҷикистон буданд ва 12 тани дигар низ гузарнома ва визои муътабар дар ихтиёр доштанд.
Дар иттилоия омадааст, ки далели ихроҷи ин муҳоҷирон то кунун мушаххас нашуда ва давлати Тоҷикистон низ дар ин мавриди тавзеҳе ироа накардааст.
Русия ба таври расмӣ омодагии худро барои пазириши сафири ҷадиди ҳукумати Толибон* дар Маскав эълом кард.
Вазорати муҳоҷирон ва бозгашткунандагон Толибон* таъкид кард, ки ҷузъиёти бештаре дар ин бора вуҷуд надорад ва пайгириҳо барои равшан шудани иллати ин иқдом идома дорад.
Ин рӯйдод дар ҳоле рух додааст, ки муҳоҷирони афғон дар кишварҳои мухталиф бо чолишҳои мутаъаддиде аз ҷумлаи ихроҷи иҷборӣ мувоҷеҳанд.
*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0