Тафовути содироту воридот дар Тоҷикистон 4 маротиба афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкКонтейнерные перевозки грузов в порту Владивостока
Контейнерные перевозки грузов в порту Владивостока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2025
Обуна шудан
Коҳиши содирот ба коҳиши ҳаҷми фурӯши флузоту сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон марбут аст – дар 4 моҳи соли ҷорӣ ин рақам 247 маротиба коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Аз аввали соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 2,5 миллиард доллар коло ва маҳсулот ворид гардидааст.
Дар ин бора аз Агентии омори Тоыикистон хабар доданд.
Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 24% афзоиш ёфтааст.
Оҷонсии омор қайд кардааст, ки ҳаҷми воридот пеш аз ҳама аз ҳисоби хариди мошину таҷҳизот афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар 4 моҳ маҳсулоти маъдан (18,7%) ва фулузоти ғайрициматбаҳоро (10,2%) харидааст.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои агентӣ, содирот дар соли ҷорӣ 636 миллион долларро ташкил дод, нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли 2024 13% камтар аст.
Коҳиши ин нишондиҳанда ба коҳиши ҳаҷми фурӯши фулузоту сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Тоҷикистон марбут аст.
Экономический рост  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2025
Суръати рушди иқтисодиёт дар кишварҳои ИИАО аз нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст
Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то апрели соли 2025 ҷумҳурӣ ин навъи маҳсулотро ҳамагӣ ба маблағи 1,2 миллион доллар содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 247 маротиба камтар аст.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти Оҷонсии омор, ҳаҷми содироти маҳсулоти маъданӣ – семент, маъдан, консентратҳо коҳиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ касри тавозуни савдои Тоҷикистон (воридот бештар аз содирот) ҳудуди 1,9 миллиард долларро ташкил дод.
Дар маҷмӯъ, гардиши савдои хориҷии кишвар дар моҳҳои январ-апрел аз 3,1 миллиард доллар гузашт, ки нисбат ба соли 2024 13,8 фоиз зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0