Кумитаи тафтишоти Русия таркишҳои пул дар Брянск ва Курскро ҳамлаҳои террористӣ номид

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкОбрушение моста на пассажирский поезд в Брянской области
Обрушение моста на пассажирский поезд в Брянской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2025
Обуна шудан
Дар Кохи кремлин гуфтанд, ки раисҷумҳур тамоми шаб аз ҳодисаи рухдода дар Курск ва Брянск гузориш мегирифт ва бо раҳбарони минтақаҳо суҳбатҳои телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳодисаҳои таркишҳо дар роҳи оҳан дар вилоятҳои Брянск ва Курск ҳамчун ҳамлаҳои террористӣ эътироф карда шуданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Сарраёсати тафтишотӣ бо дастури раиси Кумитаи тафтишот парвандаҳои ҷиноӣ дар бораи таркишҳо дар роҳи оҳан дар вилоятҳои Брянск ва Курскро қабул кардааст. Ин ҳодисаҳо ҳамчун ҳамлаи террористӣ эътироф шудаанд", - гуфт вай.
Шаби якшанбе дар ноҳияи Вигоничскии вилояти Брянск пули зери қатор фурӯ рехт ва локомотив ва вагонҳои қатори мусофирбарии рақами 86 аз Климов ба Маскав аз роҳ берун шуданд.
Дар натиҷа ҳафт нафар фавтида ва 69 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Илова бар ин, дар вилояти Курск як пул фурӯ рехт. Дар он қатори боркаш ҳаракат мекард ва дар натиҷа як тепловоз ва се вагон аз роҳ баромад.
Дар локомотив сухтор ба амал омад, ки он ба зудӣ иҳота ва хомӯш карда шуд. Яке аз ронандагон аз пояш ҷароҳат бардошта, тамоми даста ба бемористон интиқол ёфт.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ба такрори созишномаи Минск бо Украина иҷозат намедиҳад - Небензя
Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи губернатори вилоят Александр Богомаз, як гурӯҳи мутахассисони Маркази федеролии тибби вазорати тандурустии Русия барои расонидани кумак ба осебдидагони садамаи қатор ба Брянск расидаанд.
Дар Кохи Кремлин гуфтанд, ки раисҷумҳур тамоми шаб аз ҳодисаи рухдода дар Курск ва Брянск гузориш мегирифт ва бо раҳбарони минтақаҳо суҳбатҳои телефонӣ анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0