https://sputnik.tj/20250531/tojikiston-azoi-yak-ittihodi-baynalmilali-gardid-1067763779.html
Тоҷикистон аъзои як Иттиҳоди байналмилалӣ гардид
Тоҷикистон аъзои як Иттиҳоди байналмилалӣ гардид
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ҳамакнун дуввумин кишвар аз Осиёи марказӣ аст, ки ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат пайваст 31.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-31T16:36+0500
2025-05-31T16:36+0500
2025-05-31T16:36+0500
дар тоҷикистон
кумитаи ҳифзи муҳити зист
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065853864_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_e1d811ce7ca5fbdcdcb8a7b4a17142b1.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тоҷикистон аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиатгардид. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, ки ҷумҳуриро дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе баргузор гардид, ҳамчун давлати 88 - уми узви ин Иттиҳод қабул карданд.Бояд гуфт, Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат, бузургтарин шабакаи экологӣ дар ҷаҳон аст, ки акнун Тоҷикистон ҳам шомили он гардид.Намояндаи Тоҷикистон дар ин иттиҳод Кумитаи ҳифзи муҳити зист муайян карда шуд.Раиси ин ниҳод, Баҳодур Шерализода дар робита ба ин изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо пайвастан ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат Тоҷикистон уҳдадориро барои ҳалли мушкилоти муҳими экологӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва барқарорсозии экосистемаҳо тасдиқ менамояд. Дар идома Кумита зикр намуд, ки Грэтел Агилар мудири кулии ин иттиҳод Тоҷикистонро ҳамчун аъзои нави IUCN табрик намуда, гуфт "Тоҷикистон дар ҳифзи табиат роҳбарии илҳомбахш ва содиқ буданро намоиш медиҳад ва мо аз ҳамкорӣ бо он ифтихор мекунем".Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дуввумин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба ин иттиҳод пайваст. Ҳанӯз соли 2021 Ӯзбекистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил шуда буд.
https://sputnik.tj/20250531/sheralizoda-piryakh-tojikiston-mushkilot-tashvishovar-nomid-1067586742.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065853864_119:0:1256:853_1920x0_80_0_0_bb7b05fb4cde623bd23ece6d1380f8a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кумитаи ҳифзи муҳити зист, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, кумитаи ҳифзи муҳити зист, иҷтимоъ
Тоҷикистон аъзои як Иттиҳоди байналмилалӣ гардид
Тоҷикистон ҳамакнун дуввумин кишвар аз Осиёи марказӣ аст, ки ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат пайваст
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тоҷикистон аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиатгардид.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, ки ҷумҳуриро дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе баргузор гардид, ҳамчун давлати 88 - уми узви ин Иттиҳод қабул карданд.
Бояд гуфт, Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат, бузургтарин шабакаи экологӣ дар ҷаҳон аст, ки акнун Тоҷикистон ҳам шомили он гардид.
Намояндаи Тоҷикистон дар ин иттиҳод Кумитаи ҳифзи муҳити зист муайян карда шуд.
Раиси ин ниҳод, Баҳодур Шерализода дар робита ба ин изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо пайвастан ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат Тоҷикистон уҳдадориро барои ҳалли мушкилоти муҳими экологӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва барқарорсозии экосистемаҳо тасдиқ менамояд.
"Узвият дар Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ба мо имкон медиҳад, ки аз таҷрибаи байналмилалӣ ва шабакаи шарикон баҳра барем, то афзалияти миллӣ дар соҳаи ҳифзи табиатро пеш бурда, дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ иштирок намоем", - гуфт Шерализода.
Дар идома Кумита зикр намуд, ки Грэтел Агилар мудири кулии ин иттиҳод Тоҷикистонро ҳамчун аъзои нави IUCN табрик намуда, гуфт "Тоҷикистон дар ҳифзи табиат роҳбарии илҳомбахш ва содиқ буданро намоиш медиҳад ва мо аз ҳамкорӣ бо он ифтихор мекунем".
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дуввумин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба ин иттиҳод пайваст. Ҳанӯз соли 2021 Ӯзбекистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил шуда буд.