https://sputnik.tj/20250530/eron-tojikiston-peshnihod-tasis-kumita-mushtaraki-zabonu-farhangi-forsiro-kard-1067559692.html
Эрон ба Тоҷикистон пешниҳоди таъсиси Кумитаи муштараки забону фарҳанги форсиро кард
Эрон ба Тоҷикистон пешниҳоди таъсиси Кумитаи муштараки забону фарҳанги форсиро кард
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон изҳор доштааст, муносибатҳои сиёсии Эрону Тоҷикистон дар беҳтарин сатҳ қарор доранд 30.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-30T09:30+0500
2025-05-30T09:30+0500
2025-05-30T09:30+0500
дар тоҷикистон
эрон
сиёсат
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067521071_0:0:640:361_1920x0_80_0_0_6a982a3c4f0bea98d0ea5f1d0427cd41.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Ноиби аввали раисиҷумҳури Эрон, Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо сарвазир Қоҳир Расулзода дидору гуфту анҷом дод.Ба иттилои хабаргузории "Ховар" дар робита ба сафари оқои Ориф дар Душанбе мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд, ки дар фарҷоми он баёнияи муштарак байни сарвазири Тоҷикистон ва ноиби аввали президенти Эрон ба имзо расид.Ҷаноби Орифӣ дар нишасти муштараки ҳайатҳои баландпояи Эрону Тоҷикистон бо таъкид бар аҳамияти равобити амиқи фарҳангӣ, таърихӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо ҳузури донишмандони ниҳодҳои фарҳангӣ ва ҷомеъаҳои илмии ду кишвар як кумитаи олии муштараки забон, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни форсӣ ташкил шавад.Дар идома, муовини аввали раисиҷумҳур бо баёни ин ки Эрон ва Тоҷикистон дар беҳтарин шароите дар заминаи равобити сиёсӣ қарор доранд, гуфт, "мавқеъҳои муштараки ду кишвар дар арсаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳо дар иттиҳодияҳои минтақаӣ барои тавсеъаи равобити миёни онҳо дар ҳама бахшҳо умедбахш аст".Бояд гуфт, дар фарҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. ки инҳо:Маврид ба зикр аст, ки ноиби аввали президенти Эрон бегоҳи рӯзи 29 май ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон низ дидору мулоқот кард.Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илмиву фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳо аз масъалаҳои муҳими суҳбат буд.
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067521071_22:0:637:461_1920x0_80_0_0_ee55aaec600b5636a4533536436af083.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, сиёсат , фарҳанг
дар тоҷикистон, эрон, сиёсат , фарҳанг
Эрон ба Тоҷикистон пешниҳоди таъсиси Кумитаи муштараки забону фарҳанги форсиро кард
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон изҳор доштааст, муносибатҳои сиёсии Эрону Тоҷикистон дар беҳтарин сатҳ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Ноиби аввали раисиҷумҳури Эрон, Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо сарвазир Қоҳир Расулзода дидору гуфту анҷом дод.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар" дар робита ба сафари оқои Ориф дар Душанбе мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд, ки дар фарҷоми он баёнияи муштарак байни сарвазири Тоҷикистон ва ноиби аввали президенти Эрон ба имзо расид.
Ҷаноби Орифӣ дар нишасти муштараки ҳайатҳои баландпояи Эрону Тоҷикистон бо таъкид бар аҳамияти равобити амиқи фарҳангӣ, таърихӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо ҳузури донишмандони ниҳодҳои фарҳангӣ ва ҷомеъаҳои илмии ду кишвар як кумитаи олии муштараки забон, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни форсӣ ташкил шавад.
Дар идома, муовини аввали раисиҷумҳур бо баёни ин ки Эрон ва Тоҷикистон дар беҳтарин шароите дар заминаи равобити сиёсӣ қарор доранд, гуфт, "мавқеъҳои муштараки ду кишвар дар арсаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳо дар иттиҳодияҳои минтақаӣ барои тавсеъаи равобити миёни онҳо дар ҳама бахшҳо умедбахш аст".
Бояд гуфт, дар фарҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. ки инҳо:
Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни "Барқи тоҷик" ва "Сангтӯда Сангоб";
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Муассисаи "Кор ва таъмини иҷтимоӣ"-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон;
Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Роҳи оҳани Эрон.
Маврид ба зикр аст, ки ноиби аввали президенти Эрон бегоҳи рӯзи 29 май ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон низ дидору мулоқот кард.
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илмиву фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳо аз масъалаҳои муҳими суҳбат буд.