https://sputnik.tj/20250528/safari-muovin-avvali-raisjumhuri-eron-tojikiston-1067520928.html
Сафари муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Сафари муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба даъвати нахусти вазири Тоҷикистон ва барои анҷоми сафари расмӣ ва дуҷониба рӯзи панҷшанбе ба Душанбе сафар мекунад
2025-05-28T17:59+0500
2025-05-28T17:59+0500
2025-05-28T17:59+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067521071_0:0:640:361_1920x0_80_0_0_6a982a3c4f0bea98d0ea5f1d0427cd41.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон, дар посух ба даъвати расмии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, 29 май соли равон барои анҷоми сафари расмиидуҷониба ва низ ширкат дар ҳамоиши байналмилалии ҳифзи пиряҳо, вориди шаҳри Душанбе мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “ИСНА”.Дар ин сафар теъдодии санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ба имзои мақомот ду кишвар хоҳад расид.Ориф тайи иқомати худ дар Тоҷикистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва бархе аз руасои ҳайатҳои ширкаткунанда дар ҳамоиши байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки 29-31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.Беш аз 2200 нафар аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштироки худро дар ин конфронс тасдиқ намуданд.Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо намояндагони 65 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 70 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла як нахуствазир, панҷ ноиби президент, панҷ муовини Дабири кулли СММ, ёздаҳ вазир ва дигар мақомоти баландпоя иштирок менамоянд.Интизор меравад, ки конфронс марҳилаи муассир дар таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим шавад, зеро аҳамияти он сол то сол муҳимтар мегардад.Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои СММ дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
https://sputnik.tj/20250528/peshnihodi-rahmon-tasisi-markaz-oid-yakhshinosi-1067499635.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067521071_22:0:637:461_1920x0_80_0_0_ee55aaec600b5636a4533536436af083.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, муовини аввали раисҷумҳур, сафар, душанбе
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, муовини аввали раисҷумҳур, сафар, душанбе
Сафари муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба даъвати нахусти вазири Тоҷикистон ва барои анҷоми сафари расмӣ ва дуҷониба рӯзи панҷшанбе ба Душанбе сафар мекунад
ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон, дар посух ба даъвати расмии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, 29 май соли равон барои анҷоми сафари расмиидуҷониба ва низ ширкат дар ҳамоиши байналмилалии ҳифзи пиряҳо, вориди шаҳри Душанбе мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “ИСНА”.
Дар ин сафар теъдодии санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ба имзои мақомот ду кишвар хоҳад расид.
Ориф тайи иқомати худ дар Тоҷикистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва бархе аз руасои ҳайатҳои ширкаткунанда дар ҳамоиши байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 29-31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Беш аз 2200 нафар аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштироки худро дар ин конфронс тасдиқ намуданд.
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо намояндагони 65 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 70 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла як нахуствазир, панҷ ноиби президент, панҷ муовини Дабири кулли СММ, ёздаҳ вазир ва дигар мақомоти баландпоя иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки конфронс марҳилаи муассир дар таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим шавад, зеро аҳамияти он сол то сол муҳимтар мегардад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои СММ дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.