https://sputnik.tj/20250527/peshnihodi-tojikiston-kishvarhoi-shi-raqamikunoni-hujjathoi-tranziti-1067486444.html
Пешниҳоди Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲИ дар бораи рақамикунонии ҳуҷҷатҳои транзитӣ
Пешниҳоди Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲИ дар бораи рақамикунонии ҳуҷҷатҳои транзитӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ масоили рақамисозӣ ва рушди устувори логистикаро баррасӣ карданд
2025-05-27T13:04+0500
2025-05-27T13:04+0500
2025-05-27T13:04+0500
дар тоҷикистон
сҳи
нақлиёт
транзит
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063643505_0:173:3067:1898_1920x0_80_0_0_a4790de817d82325d206b9400154b5fa.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 27мая — Sputnik. Дар Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТУТЭТ) + Чин" баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа, ба ғайр аз шахсони баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узви СҲИ: Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон иштирок карданд.Тавре вазорати нақлиёт хабар додааст, ҷаласа ба мавзуи рушд ва пешбурди долони байналмилалии транзитии фавқуззикр бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда гардонидани расмиёти савдо, алахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, бахшида шуд.Дар ҳамоиш масъалаҳои тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳо баррасӣ шуданд.Дар ҷаласа омилҳои робитаи устувор ва равандҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёт мавриди гуфтугӯи ширкаткунандагон қарор гирифтанд.Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ҷласа гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ барои таҳкими нақши нақлиёт ва логистика дар таъмини тиҷорати устувор ва ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа талош меварзад.Вазир изҳори итминон намуд, ки ривоҷи долонҳои нақлиётии байнимодалӣ ва мултимодалӣ, хизматрасониҳои нақлиётии фаромарзӣ ва транзитӣ боиси рушди устувори иқтисодӣ ва тавсеаи имконоти занҷираҳои логистикӣ хоҳад гашт.Ба гуфтаи вай, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ бо мақсади осон кардани ҳамлу нақли одамон ва молҳо зарур аст.Дар ин замина, Вазири нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳуҷҷатҳои транзитӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ рақамӣ кунонида шаванд, инчунин дар нуқтаҳои назоратӣ "хатҳои сабз"-И TIR-EPD таъсис дода шаванд.Ба ақидаи ӯ, чунин тадбир бехатарии тиҷорат ва ҳамлу нақли байналмилалиро, ки бар Конвенсияи СММ асос ёфтааст таъмин намуда, вақти транзит ва ҳаҷми партовҳои CO2-ро коҳиш медиҳад.Тавре вазорати нақлиёт хабар додааст, фардо ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии "Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия (ТУТИТ) + Чин" ба кори худ идома меёбад.Ёдовар мешавем, ки нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи корӣ низ дар Душанбе, 21 сентябри соли 2023 баргузор шуда буд.Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия барои рушди ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шудааст. Соли 1992 ба он ҳафт кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳамроҳ шуданд. Аз моҳи августи соли 2024 вазифаи Мудири кулли СҲИ-ро Асад Маҷидхон (Покистон) иҷро мекунад.Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲИ 33 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 18% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230405/tranzit-korkardi-kon-naftu-gaz-rahmon-aliev-suhbat-1056230351.html
https://sputnik.tj/20210821/tojikiston-tarnzit-afghoniston-1041808440.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063643505_131:0:2860:2047_1920x0_80_0_0_047634225a5afdcf93c36d9ec7885709.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳи, ҳамкорӣ, равобит, рақамикунонӣ, ҳуҷҷатҳои транзитӣ, нақлиёт, азим иброҳим
тоҷикистон, сҳи, ҳамкорӣ, равобит, рақамикунонӣ, ҳуҷҷатҳои транзитӣ, нақлиёт, азим иброҳим
Пешниҳоди Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲИ дар бораи рақамикунонии ҳуҷҷатҳои транзитӣ
Дар Душанбе намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ масоили рақамисозӣ ва рушди устувори логистикаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27мая — Sputnik. Дар Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТУТЭТ) + Чин" баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа, ба ғайр аз шахсони баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узви СҲИ: Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон иштирок карданд.
Тавре вазорати нақлиёт хабар додааст, ҷаласа ба мавзуи рушд ва пешбурди долони байналмилалии транзитии фавқуззикр бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда гардонидани расмиёти савдо, алахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, бахшида шуд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳо баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа омилҳои робитаи устувор ва равандҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёт мавриди гуфтугӯи ширкаткунандагон қарор гирифтанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ҷласа гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ барои таҳкими нақши нақлиёт ва логистика дар таъмини тиҷорати устувор ва ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа талош меварзад.
Вазир изҳори итминон намуд, ки ривоҷи долонҳои нақлиётии байнимодалӣ ва мултимодалӣ, хизматрасониҳои нақлиётии фаромарзӣ ва транзитӣ боиси рушди устувори иқтисодӣ ва тавсеаи имконоти занҷираҳои логистикӣ хоҳад гашт.
Ба гуфтаи вай, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ бо мақсади осон кардани ҳамлу нақли одамон ва молҳо зарур аст.
Дар ин замина, Вазири нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳуҷҷатҳои транзитӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ рақамӣ кунонида шаванд, инчунин дар нуқтаҳои назоратӣ "хатҳои сабз"-И TIR-EPD таъсис дода шаванд.
Ба ақидаи ӯ, чунин тадбир бехатарии тиҷорат ва ҳамлу нақли байналмилалиро, ки бар Конвенсияи СММ асос ёфтааст таъмин намуда, вақти транзит ва ҳаҷми партовҳои CO2-ро коҳиш медиҳад.
Тавре вазорати нақлиёт хабар додааст, фардо ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии "Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия (ТУТИТ) + Чин" ба кори худ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи корӣ низ дар Душанбе, 21 сентябри соли 2023 баргузор шуда буд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия барои рушди ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шудааст. Соли 1992 ба он ҳафт кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳамроҳ шуданд. Аз моҳи августи соли 2024 вазифаи Мудири кулли СҲИ-ро Асад Маҷидхон (Покистон) иҷро мекунад.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲИ 33 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 18% афзоиш ёфтааст.