Баргузории форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Хатлон

© Sputnik / Амир ИсаевДревняя крепость Хулбук в Хатлонской области
Древняя крепость Хулбук в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2025
Обуна шудан
Дар шаҳи Кӯлоби вилояти Хатлони форум ва намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони "Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ" 20 июн форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад.
Дар и н бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба итттилои форум ва намоишгоҳ бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ, муаррифии имконоти сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва саёҳат дар вилояти Хатлон доир мегарданд.
Инчунин ин форум ба рушд додани ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки дар чор моҳи соли 2025 ба вилояти Хатлон 272 ҳазору 454 сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 133 ҳазору 548 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 248 ҳазору 591 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 23 ҳазору 863 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Иран и Таджикистан подписали меморандум о сотрудничестве в сфере туристического обмена  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2024
Шаҳри Душанбе ва Шероз барои ҳамкории гардишгарӣ тафоҳумнома имзо карданд
Бояд қайд кард, ки дар Хатлон 933 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 240 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0