Боевая работа РСЗО Град 25 армии на Краснолиманском направлении в ЛНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Чархболи Путин зимни парвоз ба Курск дар маркази рафъи ҳамалоти бесарнишин қарор гирифт

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкЛетно-тактические учения в Краснодарском крае
Летно-тактические учения в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2025
Обуна шудан
Фармондеҳи гурдони дифои ҳавоӣ таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаи азими ҳавопаймои бесарнишинро бомуваффақият дафъ ва амнияти президентро комилан таъмин карданд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар ҷараёни боздидаш ба вилояти Курск чархболи раисиҷумҳур Владимир Путин воқеан дар минтақае қарор гирифт, ки ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Нерӯҳои мусаллаҳи Украина рафъ мешуд.
Дар ин бора фармондеҳи гурдони дифои ҳавоӣ Юрий Дашкин дар пахши барномаи "Вести недели" дар шабакаи "Россия 1" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, чархболи президент воқеан дар маркази рафъи ҳамлаи азими ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини душман қарор дошт.
Вай таъкид кард, ки ҳамлаи густурдаи ҳавопаймои бесарнишин бомуваффақият зада шуд ва низомиёни Русия амнияти президентро пурра таъмин карданд.
Президенти Русия Владимир Путин 20 май бо як сафари корӣ ба вилояти Курск рафт.
Ин нахустин сафари ӯ ба Курск баъд аз пурра озод шудани ин минтақа аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина буд.
Путин: Нерӯҳои Украина то ҳол талош доранд ба сӯи марзҳои Русия ҳамла кунанд
Сарвари давлат бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ихтиёриёни вилоят мулоқот анҷом дода, инчунин аз нерӯгоҳи барқи атомии дар Курчатов сохташаванда дидан намуд.
Лентаи хабарҳо
0