Гунаҳкорон ҷазо мегиранд: Вазорати маориф қазияи фавти кӯдаки дусола дар боғчаро шарҳ дод

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДетский сад №1 в Канибадоме
Детский сад №1 в Канибадоме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2025
Обуна шудан
Вазорат аз тамоми шаҳрвандон хост то анҷоми тафтишот вобаста ба ин қазия аз пахши ҳаргуна наворҳо худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон қазияи ба ҳалокат расидани кӯдаки дусола дар кӯдакистони хусусии "Саволу ҷавоб", ки дар Душанбе воқеъ аст, шарҳ дода, гуфт, гунаҳкорон ҳатман ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.
Ин ниҳод ба волидон ва наздикони кӯдак изҳори ҳамдардӣ баён намуда, аз паҳн шудани навор аз дохили ҷойи хоби кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ кард.
Вазорат гуфт, чархондани навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси озурдагии бештарии ҳам волидони кӯдак ва ҳам шаҳрвандон мегардад.
"Дар атрофи ин воқеа овозаю ҳангома бардоштан ҳаргиз ба суди касе нест ва танҳо боиси печидатару пурғубор гардидани вазъ мешавад", - омадааст дар паёми ҳамдардии Вазорати маориф.
Ин ниҳод аз кулли шаҳрвандон хост, то анҷом ёфтани тафтишот аз пахши ҳар гуна наворҳо ва коштани шарҳҳо худдорӣ кунанд.
Министр образования и науки Республики Таджикистан Рахим Саидзода посетил ряд дошкольных образовательных учреждений в районах Фирдавси и Сино города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2025
Вазири маориф аз шароит ва таълим дар кӯдакистонҳои Душанбе интиқод кард
Вазорат илова кард, ки ҷараёни минбаъдаи ҳодисаро зери назорати ҷиддӣ гирифтааст ва аз натиҷаи он ҳамагонро огоҳ мекунад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт бинобар хунукназарии мураббия кӯдаки дусола аз панҷараи рахти хоб овезон шуда, ҷон аз даст дод.
Ин ниҳод гуфт, ҳоло нисбати мураббия парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Қаблан, вазири маорифи Тоҷикистон аз як қатор кӯдакистонҳо дар пойтахт дидан карда, аз камбудиҳои зиёд гуфт. Саидзода аз ҷумла камтаваҷҷӯҳӣ ва саҳлангории мудирони боғчаҳоро зикр кард.
Лентаи хабарҳо
0