https://sputnik.tj/20250523/rusiya-tojikiston-markazhoi-navi-talimi-boz-1067434277.html
Русия қасд дорад дар Тоҷикистон марказҳои нави таълимӣ боз кунад
Русия қасд дорад дар Тоҷикистон марказҳои нави таълимӣ боз кунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии Россотрудничество эълон крдааст, ки тасмим дорад дар соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон марказҳои нави таълимӣ таъсис хоҳад дод
2025-05-23T10:49+0500
2025-05-23T10:49+0500
2025-05-23T11:48+0500
дар тоҷикистон
маориф
русия
марказ
таълимӣ
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/17/1064835702_0:1:1279:720_1920x0_80_0_0_1bf1de53a53b59edcbe762505126060e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мая — Sputnik. Намояндагии Россотрудничество дар соли равон ният дорад дар Тоҷикистон, марказҳои нави таълимӣ ифтитоҳ намояд.Дар ин бора роҳбари намояндагии Россотрудничество Андрей Патрушев хабар додааст."Дар соли равон татбиқи лоиҳаи ифтитоҳи марказҳои нави таълимӣ ва муҷаҳҳаз кардани марказҳои мавҷудаи барои таҳсилоти иловагӣ идома хоҳанд ёфт", - гуфт Патрушев.Марказҳои таълимӣ маҷмӯи бисёрсоҳавӣ барои кӯдакон ва калонсолон мебошанд, ки китобхонаҳо, маҷмуаҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти интерактивӣ бо унсурҳои фароғатӣ, инчунин таҷҳизот барои конфронсҳои онлайн ва робототехникаро дар бар мегиранд.Инчунин дар ин марказҳо курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳо ташкил карда шудаанд.Ҳоло дар мактабҳои манотиқи мухталифи Тоҷикистон шаш маркази таълимии иловагӣ ва дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе як маркази таълимии “Русия бо шумост” фаъолият мекунанд.Ба гуфтаи Патрушев, ин як соҳаи хеле ҷолиб баро кор аст, зеро сухан танҳо дар бораи таҷҳизоти сирф техникӣ нест."Дар ин марказҳо коршиносони Русия бо истифода аз ҳамон конструкторҳо ва таҷҳизоте, ки бо худ меоранд, чорабиниҳои таълимӣ мегузаронанд", - гуфт раҳбари намояндагии Россотрудничество.Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир боз ду тарҳи ҷолибе дар назар аст, ки мехоҳад то охири сол амалӣ кунад."Ин Рӯзҳои робототехника ва технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва Мактаби рушди маҳорат дар Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои математика, физика, биология, химия, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебошанд", - гуфт Патрушев.Ба гуфтаи вай, дар назар аст, ки ин тарҳҳои бузурги таълимии марбут ба такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20220407/rusiya-tojikiston-maorif-1047434869.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/17/1064835702_196:0:1156:720_1920x0_80_0_0_580710e5ca5d4fc994b0f7efbc81ee68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, ҳамкорӣ, маориф, марказ, таълимӣ, ифтитоҳ
русия, тоҷикистон, ҳамкорӣ, маориф, марказ, таълимӣ, ифтитоҳ
Русия қасд дорад дар Тоҷикистон марказҳои нави таълимӣ боз кунад
10:49 23.05.2025 (Навсозишуда: 11:48 23.05.2025) Намояндагии Россотрудничество эълон крдааст, ки тасмим дорад дар соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон марказҳои нави таълимӣ таъсис хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 23 мая — Sputnik. Намояндагии Россотрудничество дар соли равон ният дорад дар Тоҷикистон, марказҳои нави таълимӣ ифтитоҳ намояд.
Дар ин бора роҳбари намояндагии Россотрудничество Андрей Патрушев хабар додааст.
"Дар соли равон татбиқи лоиҳаи ифтитоҳи марказҳои нави таълимӣ ва муҷаҳҳаз кардани марказҳои мавҷудаи барои таҳсилоти иловагӣ идома хоҳанд ёфт", - гуфт Патрушев.
Марказҳои таълимӣ маҷмӯи бисёрсоҳавӣ барои кӯдакон ва калонсолон мебошанд, ки китобхонаҳо, маҷмуаҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти интерактивӣ бо унсурҳои фароғатӣ, инчунин таҷҳизот барои конфронсҳои онлайн ва робототехникаро дар бар мегиранд.
Инчунин дар ин марказҳо курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳо ташкил карда шудаанд.
Ҳоло дар мактабҳои манотиқи мухталифи Тоҷикистон шаш маркази таълимии иловагӣ ва дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе як маркази таълимии “Русия бо шумост” фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи Патрушев, ин як соҳаи хеле ҷолиб баро кор аст, зеро сухан танҳо дар бораи таҷҳизоти сирф техникӣ нест.
"Дар ин марказҳо коршиносони Русия бо истифода аз ҳамон конструкторҳо ва таҷҳизоте, ки бо худ меоранд, чорабиниҳои таълимӣ мегузаронанд", - гуфт раҳбари намояндагии Россотрудничество.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир боз ду тарҳи ҷолибе дар назар аст, ки мехоҳад то охири сол амалӣ кунад.
"Ин Рӯзҳои робототехника ва технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва Мактаби рушди маҳорат дар Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои математика, физика, биология, химия, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебошанд", - гуфт Патрушев.
Ба гуфтаи вай, дар назар аст, ки ин тарҳҳои бузурги таълимии марбут ба такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ мебошад.