https://sputnik.tj/20250523/javononro-quvvai-buzurg-medonem-prezident-javononi-tojikistonro-shodbosh-guft-1067438362.html
"Ҷавононро қувваи бузург медонем": президент ҷавонони Тоҷикистонро шодбош гуфт
"Ҷавононро қувваи бузург медонем": президент ҷавонони Тоҷикистонро шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба насли наврас саломатӣ, хушбахтӣ, иродаи қавӣ дар роҳи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан орзу кард
2025-05-23T11:53+0500
2025-05-23T11:53+0500
2025-05-23T12:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рӯзи ҷавонон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0b/1066949475_0:98:2048:1251_1920x0_80_0_0_95587d0a506433d0abdabfeecdaf29fa.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҷавононро бо ин ид табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Дар паёми шодбошии худ президент ба насли наврас саломатӣ, хушбахтӣ, иродаи қавӣ дар роҳи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан орзу кард. Вай афзуд, ҷавонони далеру ватандӯсти тоҷик ба Ватан содиқона хизмат карда, онро дар арсаи байналмилалии варзиш муаррифӣ мекунанд ва дар тамоми соҳаҳои давлату ҷомеа фаъоланд.Раҳмон ёдовар шуд, ки аз оғози даврони истиқлол дар кишвар тамоми имконоти зарурӣ барои таълиму тарбия, рушди равонӣ ва ҷисмонии ҷавонони тоҷик фароҳам оварда шудааст."Ҷавонони мо имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг, омӯхтан ва истифодаи техникаву технологияҳои пешрафта, соҳибкориву саноат, кишоварзиву энергетика ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас доранд", - таъкид намуд роҳбари давлат.Ӯ насли наврасро барои комёбиҳо дар варзиш, тарзи ҳаёти солим ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадрдонӣ кард.Дар идома президент иттилоъ дод, ки дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ мавҷуд буд, дар ҳоли ҳозир шумораи ин муассисаҳо ба 48 адад расидааст, ки дар онҳо зиёда аз 214 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.Илова бар ин, дар даврони истиқлолият беш аз 117 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди кишвар барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд.
https://sputnik.tj/20250520/tanazzul-zehn-kumak-omuzgoron-donishjuyon-tojik-zehn-suni-fikr-1067391974.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0b/1066949475_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_3414ed9d2dbb986d1e307dd59a914d8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон президент рӯзи ҷавонон
тоҷикистон президент рӯзи ҷавонон
"Ҷавононро қувваи бузург медонем": президент ҷавонони Тоҷикистонро шодбош гуфт
11:53 23.05.2025 (Навсозишуда: 12:00 23.05.2025) Президенти Тоҷикистон ба насли наврас саломатӣ, хушбахтӣ, иродаи қавӣ дар роҳи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан орзу кард
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҷавононро бо ин ид табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар паёми шодбошии худ президент ба насли наврас саломатӣ, хушбахтӣ, иродаи қавӣ дар роҳи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан орзу кард.
"Мо ҷавононро як нерӯи бузург барои расидан ба ҳадафҳои созандагиву ояндабинии давлату ҳукумати кишвар мешуморем", - таъкид дошт роҳбари Тоҷикистон.
Вай афзуд, ҷавонони далеру ватандӯсти тоҷик ба Ватан содиқона хизмат карда, онро дар арсаи байналмилалии варзиш муаррифӣ мекунанд ва дар тамоми соҳаҳои давлату ҷомеа фаъоланд.
Раҳмон ёдовар шуд, ки аз оғози даврони истиқлол дар кишвар тамоми имконоти зарурӣ барои таълиму тарбия, рушди равонӣ ва ҷисмонии ҷавонони тоҷик фароҳам оварда шудааст.
"Ҷавонони мо имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг, омӯхтан ва истифодаи техникаву технологияҳои пешрафта, соҳибкориву саноат, кишоварзиву энергетика ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас доранд", - таъкид намуд роҳбари давлат.
Ӯ насли наврасро барои комёбиҳо дар варзиш, тарзи ҳаёти солим ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадрдонӣ кард.
Дар идома президент иттилоъ дод, ки дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ мавҷуд буд, дар ҳоли ҳозир шумораи ин муассисаҳо ба 48 адад расидааст, ки дар онҳо зиёда аз 214 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Илова бар ин, дар даврони истиқлолият беш аз 117 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди кишвар барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд.