Дар Душанбе боз як куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузашт

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкТраурная церемония
Траурная церемония   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2025
Обуна шудан
Мухтор Заргаров соли 1942 ихтиёран ба фронт рафта, дар муҳорибаҳои Курск, инчунин дар амалиётҳои ҷангӣ дар Беларус, Украина ва Лаҳистон иштирок кардааст
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Мухтор Заргаров собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Душанбе даргузашт.
Дар ин бора нашрияи "Паёми Душанбе" бо такя ба Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати пойтахт хабар додааст.
© Foto / Солдат РоссииВетеран Великой Отечественной войны Мухтор Заргаров
Ветеран Великой Отечественной войны Мухтор Заргаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2025
Ба иттилои манбаъ, ин собиқадори ҷанг дар соли 102 -юми умраш даргузашт. Сабаби маргаш мушаххас нашудааст.
Мухтор Заргаров 29 апрели соли 1924 таваллуд шуда, баробари расидан ба синни 18 - солагӣ ихтиёран ба ҷанг рафт.
Ӯ дар муҳорибаҳои Курск, инчунин дар амалиётҳои ҷангӣ дар Беларус, Украина ва Лаҳистон ҳамчун пулемётчӣ иштирок кардааст.
Заргаров Иди Ғалабаро дар Кёнигсберг (Калининград) ҷашн гирифт.
Заглушка к инфографике Ветераны Великой Отечественной войны в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Чанд куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 майро дар Тоҷикистон таҷлил мекунанд
Ӯ пас аз ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон баргашт ва дар сохтмони Нерӯгоҳи обӣ-барқии Варзоб ва Хуҷанд кор кардааст. Ҳамчунин дар барқарор намудани Қалъаи Ҳисор низ саҳм гузоштааст.
Марҳум то дами марг дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сар мебурд.
Бояд гуфт, акнун пас аз марги Мухтор Заргаров дар Душанбе ҳамагӣ як собиқадор - Бозор Нағзибеков, ки 15 ноябри соли 1926 таваллуд шудааст, боқӣ мондааст.
Қаблан, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Ҳоло сафи онҳо ба 16 нафар кам шуд.
Аз ҳама беш ҳоло дар Хатлон - 8 собиқадор дар қайди ҳаёт қарор доранд. Пасон дар НТҶ -5 нафар, Суғд - 2 нафар ва Душанбе акнун як нафар даври пирӣ меронанд.
Лентаи хабарҳо
0