https://sputnik.tj/20250522/tojikistonu-chin-farqiyati-omor-gumrukiro-barrasi-1067430781.html
Тоҷикистону Чин масъалаи фарқияти омори гумрукиро баррасӣ намуданд
Тоҷикистону Чин масъалаи фарқияти омори гумрукиро баррасӣ намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин дар Қазоқистон тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни ду кишварро баррасӣ намуданд
2025-05-22T20:01+0500
2025-05-22T20:01+0500
2025-05-22T20:01+0500
дар тоҷикистон
чин
ҳамкорӣ
гумрук
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/16/1067431127_24:75:725:469_1920x0_80_0_0_59c1df8a48c332c8412c76a0a7d15aa7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода бо Вазир, Котиби кумитаи ҳизбии Саридораи гумруки Чин хонум Сун Мэйҷун баррасӣ гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти ҳайатҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар ҳошияи ҷаласаи дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор гардид.Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилот вобаста ба нокифоя будани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми интиқоли байнисарҳадии молҳо, такмили механизмҳои рақамисозии ҳамкорӣ байни мақомоти гумрук, амалӣ намудани воситаҳои ҳамаҷонибаи арзёбии хавфҳо ва низоми мубодилаи маълумоти пешакиро баррасӣ намуданд.Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ба масъалаи фарқияти омори гумрукӣ байни кишварҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.Дар натиҷаи муҳокима тарафҳо ба хулосаи ягона расиданд, ки барои бартараф намудани ин масъала таъсиси механизми самараноки ҳалли мушкилоти фарқият дар маълумоти омори гумрукӣ тавассути таъйин намудани шахсони тамоси масъул ва ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамоҳангсозии омори гумрукӣ зарур мебошад.Ҳамзамон дар мулоқот тарафҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва татбиқи ҳалли инноватсионӣ, ки ба пешбурди тиҷорат ва таъмини амнияти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ равона шудаанд, изҳори омодагӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20250517/tojikiston-mekhohad-ba-loihai-sokhtmoni-rohi-ohani-chin-qirghiziston-uzbekiston-hamroh-shavad-1067361015.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/16/1067431127_35:0:719:513_1920x0_80_0_0_9bde5a7fa3c3cedc2ed584323d3996b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гумурук, ҳамкорӣ, чин, омор, қазоқистон
тоҷикистон, гумурук, ҳамкорӣ, чин, омор, қазоқистон
Тоҷикистону Чин масъалаи фарқияти омори гумрукиро баррасӣ намуданд
Мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин дар Қазоқистон тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни ду кишварро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода бо Вазир, Котиби кумитаи ҳизбии Саридораи гумруки Чин хонум Сун Мэйҷун баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти ҳайатҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар ҳошияи ҷаласаи дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилот вобаста ба нокифоя будани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми интиқоли байнисарҳадии молҳо, такмили механизмҳои рақамисозии ҳамкорӣ байни мақомоти гумрук, амалӣ намудани воситаҳои ҳамаҷонибаи арзёбии хавфҳо ва низоми мубодилаи маълумоти пешакиро баррасӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ба масъалаи фарқияти омори гумрукӣ байни кишварҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Дар натиҷаи муҳокима тарафҳо ба хулосаи ягона расиданд, ки барои бартараф намудани ин масъала таъсиси механизми самараноки ҳалли мушкилоти фарқият дар маълумоти омори гумрукӣ тавассути таъйин намудани шахсони тамоси масъул ва ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамоҳангсозии омори гумрукӣ зарур мебошад.
Ҳамзамон дар мулоқот тарафҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва татбиқи ҳалли инноватсионӣ, ки ба пешбурди тиҷорат ва таъмини амнияти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ равона шудаанд, изҳори омодагӣ намуданд.