https://sputnik.tj/20250522/huquqshinos-rusiya-ramzi-qr-muhojiron-1067429787.html
Ҳуқуқшинос шарҳ дод, ки чаро Русия рамзи QR-ро барои муҳоҷирон ҷорӣ кардааст
Ҳуқуқшинос шарҳ дод, ки чаро Русия рамзи QR-ро барои муҳоҷирон ҷорӣ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Рамзи рақамӣ кори марзбонони Русияро осон мекунад, хориҷиёнро аз мушкилоти раҳо мекунад ва бо гузашти замон имкон медиҳад, ки раванди муҳоҷиратро танзим намояд
2025-05-22T17:59+0500
2025-05-22T17:59+0500
2025-05-22T18:21+0500
русия
дар русия
муҳоҷират
коршинос
рамз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063830619_0:0:1278:719_1920x0_80_0_0_0a0003561d25ca2dca9cb8e2e773767f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҷорӣ намудани рамзи рақамӣ имкон медиҳад, шаҳрвандони хориҷиро пеш аз вуруд ба қаламрави Русия назорат намоянд.Гуфт дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон ҳуқуқшинос дар умури муҳоҷир Насим Абдуллоев.Ба гуфтаи вай, ҷорӣ намудани рамзи QR вуруди нафаронеро, ки иҷозати дохилшавӣ ба Русияро надоранд, пешгирӣ мекунадРамзи рақамии QR кори хадамоти марзбонии Русияро низ суръат мебахшад ва бо мурури замон имкон медиҳад, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ дар бахшҳои мухталифро танзим намояд. Гузашта аз ин, қоидаҳои нав ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ки назорати шаҳрвандони хориҷиро идора намояд, мегӯяд коршинос дар умури муҳоҷират.Аммо ба ақидаи вай, муҳлати дарёфти рамзи QR барои вуруд ба Русия хеле кӯтоҳ аст."Барои убури сарҳад шумо бояд ҳадди аққал 72 соат пеш рамз гиред - ин мушкилоти муайянеро ба вуҷуд меорад. Шумо наметавонед пешакӣ чипта харед ва агар парвози шумо ба таъхир афтад ё лағв шавад, шумо бояд расмиётро аз сари нав оғоз кунед", - қайд кард ӯ дар шарҳи ин ниҳод.Қаблан хабар дода шуда буд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бидуни раводид ворид мешаванд, акнун бояд аз сабти номи пешакии рақамӣ гузаранд.Рамзи QR-ро метавон тавассути барномаи махсуси "Gosuslugi RuID" дастрас кард. Қоидаҳои нав аз 30 июни соли равон амалӣ мешаванд.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063830619_116:0:1075:719_1920x0_80_0_0_ffa9e77be061b17c4fee7123f7f2b45a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, рамз, qr, хориҷиён, ҳуқуқшинос, шарҳ
русия, муҳоҷират, рамз, qr, хориҷиён, ҳуқуқшинос, шарҳ
Ҳуқуқшинос шарҳ дод, ки чаро Русия рамзи QR-ро барои муҳоҷирон ҷорӣ кардааст
17:59 22.05.2025 (Навсозишуда: 18:21 22.05.2025) Рамзи рақамӣ кори марзбонони Русияро осон мекунад, хориҷиёнро аз мушкилоти раҳо мекунад ва бо гузашти замон имкон медиҳад, ки раванди муҳоҷиратро танзим намояд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҷорӣ намудани рамзи рақамӣ имкон медиҳад, шаҳрвандони хориҷиро пеш аз вуруд ба қаламрави Русия назорат намоянд.
Гуфт дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон ҳуқуқшинос дар умури муҳоҷир Насим Абдуллоев.
Ба гуфтаи вай, ҷорӣ намудани рамзи QR вуруди нафаронеро, ки иҷозати дохилшавӣ ба Русияро надоранд, пешгирӣ мекунад
"Ин гуна муҳоҷиронро аз хароҷоти беҳуда барои чипта, раводид ва соатҳои беҳуда интизор шудан дар фурудгоҳҳо наҷот медиҳад", - афзуд Абдуллоев.
Рамзи рақамии QR кори хадамоти марзбонии Русияро низ суръат мебахшад ва бо мурури замон имкон медиҳад, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ дар бахшҳои мухталифро танзим намояд. Гузашта аз ин, қоидаҳои нав ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ки назорати шаҳрвандони хориҷиро идора намояд, мегӯяд коршинос дар умури муҳоҷират.
Аммо ба ақидаи вай, муҳлати дарёфти рамзи QR барои вуруд ба Русия хеле кӯтоҳ аст.
"Барои убури сарҳад шумо бояд ҳадди аққал 72 соат пеш рамз гиред - ин мушкилоти муайянеро ба вуҷуд меорад. Шумо наметавонед пешакӣ чипта харед ва агар парвози шумо ба таъхир афтад ё лағв шавад, шумо бояд расмиётро аз сари нав оғоз кунед", - қайд кард ӯ дар шарҳи ин ниҳод.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бидуни раводид ворид мешаванд, акнун бояд аз сабти номи пешакии рақамӣ гузаранд.
Рамзи QR-ро метавон тавассути барномаи махсуси "Gosuslugi RuID" дастрас кард. Қоидаҳои нав аз 30 июни соли равон амалӣ мешаванд.