Ҳиссаи муомилот бо асъори миллӣ миёни Русия ва кишварҳои ИИАО ба сатҳи рекордии 93% расид

© Sputnik / Рамиль СитдиковЦентробанк России
Центробанк России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2025
Обуна шудан
Муваффақияти ҳисоббаробаркуниҳо бо арзҳои миллӣ ин афзоиши талабот ба ҷуфтҳои асъории пулҳои миллии кишварҳои шарик бо рубли русӣ буд, гуфт Волвач
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҳиссаи муомилот бо асъори миллӣ байни Русия ва кишварҳои ИИАО ба сатҳи рекордии 93% расид, хабар дод, дафтари матбуоти Кумиссиюни иқтисодии АвруОсиё.
Дар ин бора Дмитрий Волвач муовини вазири рушди иқтисод дар форуми "Русия - ҷаҳони Ислом" изҳор дошт.
Вай афзуд, ки ин ба афзоиши мизони муомилоти молии Федератсияи Русия ба ҳисоби миёна 7% ҳам бо кишварҳои ИИАО ва ҳам бо кишварҳои ИДМ вобаста аст.
"Иштирокчиёни фаъоли иқтисодии беруниро ба таври сунъӣ маҷбур кардан мумкин нест, ки ба ин ё он асъор гузаранд, яъне ин маънои онро дорад, ки арзҳои миллӣ талабот доранд ва ба муомилоти тиҷоратии мо хуб хизмат мекунанд", — гуфт Волвач.
Муваффақияти дигари муҳим ин афзоиши талабот ба ҷуфтҳои асъории пулҳои миллии кишварҳои шарик бо рубли русӣ буд. Ин барои нашъунамои минбаъда заминаи хубест, афзуд ӯ.
Ба таъкиди Волвач, ҳама кишварҳо бо суръати хуб рушд мекунанд, ки ин ба таҳкими фазои ягонаи иқтисодӣ мусоидат мекунад ва шарикони беруниро ҳамчун бозори бидуни монеаи молу хизматрасонӣ дар маркази АвруОсиё ҷалб мекунад.
Қаблан муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук изҳор дошт, ки дар 4 соли охир саҳми тиҷорати байналмилалии Русия бо асъори миллӣ се баробар афзоиш ёфтааст.
Торговый порт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2025
Ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳои ИИАО дар як сол беш аз $100 млрд ташкил медиҳад
Татбиқи амалии ҳисоббаробаркуниҳои бо шарикони хориҷӣ бо асъори миллӣ ин натиҷаи истифодаи доллар ҳамчун силоҳи иқтисодӣ аст.
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, дар доираи ИИАО ҳаҷми асосии муомилот ба рубли русӣ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири соли гузашта сарони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби ИИАО дар дарозмуддат имзо карданд, ки он “Роҳи иқтисодии АвруОсиё” ном дошт.
Лентаи хабарҳо
0