https://sputnik.tj/20250517/modar-tojik-didor-dastajamona-afsaron-sarbozon-1067363786.html
Барои модарони тоҷик дидори дастаҷамъона ба афсарону сарбозон роҳандозӣ мешавад
Барои модарони тоҷик дидори дастаҷамъона ба афсарону сарбозон роҳандозӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз ташкили "Корвони дидор" барои модароне, ки фарзандони онҳо дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, ин беҳтар кардани шароити хизмат ва... 17.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-17T13:56+0500
2025-05-17T13:56+0500
2025-05-17T13:56+0500
дар тоҷикистон
вазорати мудофиа
иҷтимоъ
сарбозон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064853960_113:154:1273:807_1920x0_80_0_0_6591d250e9f3822335bd1398d1f50f96.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои модароне, ки фарзандони онҳо дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, "Корвони дидор" ташкил мешавад.Интизор меравад, чорабинии мазкур моҳи июн роҳандозӣ шавад ва модарони тоҷик имкон доранд дастаҷамъона ба қисмҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ташриф оранд ва бо шарту шароити фарзандони сарбозу афсари худ ошноӣ пайдо кунанд.Гуфта мешавад, Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, фарҳанг, маориф, КДАМ, телевизион ва радио ва дигар ниҳодҳо барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин иқдом тадбирҳо меандешавад.Ҳадаф аз ташкили "Корвони дидор" барои модароне, ки фарзандони онҳо дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, ин беҳтар кардани шароити хизмат ва зисти сарбозону аскарон арзёбӣ шудааст.Таъкид гардид, ки маҳз натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки сол ба сол дар мамлакат теъдоди ихтиёриёни хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар меафзояд.Маврид ба зикр аст, ки нақшаи маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиши Тоҷикистон имсол қабл аз муҳлат анҷом ёфт.Вазорати мудофиа қаблан иттилоъ дод, ки "30 апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардид.Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши Тоҷикистон дар асоси Фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва тибқи талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз 1 то 30 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ идома ёфт.
https://sputnik.tj/20250401/khalton-badakhshon-naqshi-davat-artish-1066809800.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064853960_64:0:1118:791_1920x0_80_0_0_77063028507e923abdcbed0a7b80fd69.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вазорати мудофиа, иҷтимоъ, сарбозон
дар тоҷикистон, вазорати мудофиа, иҷтимоъ, сарбозон
Барои модарони тоҷик дидори дастаҷамъона ба афсарону сарбозон роҳандозӣ мешавад
Ҳадаф аз ташкили "Корвони дидор" барои модароне, ки фарзандони онҳо дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, ин беҳтар кардани шароити хизмат ва зисти сарбозону аскарон аст
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои модароне, ки фарзандони онҳо дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, "Корвони дидор" ташкил мешавад.
Интизор меравад, чорабинии мазкур моҳи июн роҳандозӣ шавад ва модарони тоҷик имкон доранд дастаҷамъона ба қисмҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ташриф оранд ва бо шарту шароити фарзандони сарбозу афсари худ ошноӣ пайдо кунанд.
Гуфта мешавад, Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, фарҳанг, маориф, КДАМ, телевизион ва радио ва дигар ниҳодҳо барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин иқдом тадбирҳо меандешавад.
Ҳадаф аз ташкили "Корвони дидор" барои модароне, ки фарзандони онҳо дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, ин беҳтар кардани шароити хизмат ва зисти сарбозону аскарон арзёбӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки маҳз натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки сол ба сол дар мамлакат теъдоди ихтиёриёни хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар меафзояд.
Маврид ба зикр аст, ки нақшаи маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиши Тоҷикистон имсол қабл аз муҳлат анҷом ёфт.
Вазорати мудофиа қаблан иттилоъ дод, ки "30 апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардид.
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши Тоҷикистон дар асоси Фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва тибқи талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз 1 то 30 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ идома ёфт.