https://sputnik.tj/20250516/dushanbe-kodeksi-tekhnikii-loihai-casa-1000-tasdiq-1067354323.html
Дар Душанбе Кодекси техникии лоиҳаи "CASA-1000" тасдиқ гардид
Дар Душанбе Кодекси техникии лоиҳаи "CASA-1000" тасдиқ гардид
Sputnik Тоҷикистон
Қайд карда шудааст, ки риояи Кодекси техникӣ ба хусус дар заминаи ҳамгироии параллелии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти хос дорад
2025-05-16T10:46+0500
2025-05-16T10:46+0500
2025-05-16T17:54+0500
дар тоҷикистон
каса/casa -1000
энергетика
душанбе
маҷлис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/0f/1067354134_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_1d561e078436db5289fd9dfccb6e4f85.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" баргузор гардид.Тавре вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доааст, дар ин ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Қирғизистон Таалайбек Ибраев, вазири федеролии энергетикаи Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ (тариқи маҷозӣ), роҳбари ширкати "Брешно" Доктор Абдулбари Умар ва шарикони рушд ширкат доштанд.Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни суханрониаш гуфт, ки корҳои сохтмонии Лоиҳаи "CASA-1000" дар ду кишвар – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расидаанд.Вай таъкид кард, ки интизор меравад, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар Покистон ба итмом расад ва ба зудӣ корҳои сохтмонӣ дар Афғонистон низ ба анҷом хоҳанд расид.Вай илова кард, ки гурӯҳи кории муштарак Кодекси техникии лоиҳаро таҳия намудааст, ки барои тасдиқ ба Шурои байниҳукуматӣ пешниҳод мегардад.“Бешубҳа, ин санад муҳим буда, ба рӯйхати Созишномаҳои асосии Лоиҳа дохил мешавад. Риояи Кодекси техникӣ ба хусус дар заминаи ҳамгироии параллелии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти вижа дорад”, - гуфт Далер Ҷумъа.Қайд карда шуд, ки дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" Кодекси техникии лоиҳа тасдиқ гардид.Ҳамзамон дар охири ҷаласа аз ҷониби кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа Пртоколи ҷаласаи Гурӯҳҳои кории муштакараки кишварҳои аъзои лоиҳа, Изҳороти муштараки кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа ва Қарордоди ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" ба имзо расонида шуд.
https://sputnik.tj/20250515/tojikiston-afghoniston-hamkorihoi-gustarda-hamajoniba-1067349572.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/0f/1067354134_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_f4be9f21ff931ab04c2708942aa7b4ba.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, каса-100, душанбе, ҷаласа, осиёи марказӣ
тоҷикистон, энергетика, каса-100, душанбе, ҷаласа, осиёи марказӣ
Дар Душанбе Кодекси техникии лоиҳаи "CASA-1000" тасдиқ гардид
10:46 16.05.2025 (Навсозишуда: 17:54 16.05.2025) Қайд карда шудааст, ки риояи Кодекси техникӣ ба хусус дар заминаи ҳамгироии параллелии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти хос дорад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" баргузор гардид.
Тавре вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доааст, дар ин ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Қирғизистон Таалайбек Ибраев, вазири федеролии энергетикаи Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ (тариқи маҷозӣ), роҳбари ширкати "Брешно" Доктор Абдулбари Умар ва шарикони рушд ширкат доштанд.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни суханрониаш гуфт, ки корҳои сохтмонии Лоиҳаи "CASA-1000" дар ду кишвар – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расидаанд.
Вай таъкид кард, ки интизор меравад, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар Покистон ба итмом расад ва ба зудӣ корҳои сохтмонӣ дар Афғонистон низ ба анҷом хоҳанд расид.
“31-уми марти соли 2025 хати интиқоли барқи 500 кВ-и "Датка-Суғд" зери шиддат гузошта шуд ва аллакай, имрӯз мо метавонем аз ин хати барқ барои манфиати мардумони кишварҳоямон истифода барем. Пешрафти назаррас дар ҳамаи чаҳор кишвар на танҳо натиҷаи талошҳои худи кишварҳо, балки натиҷаи пуштибонии пайваста ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар татбиқи ин Лоиҳаи стратегӣ ва минтақавӣ мебошад”, - таъкид кард Далер Ҷумъа.
Вай илова кард, ки гурӯҳи кории муштарак Кодекси техникии лоиҳаро таҳия намудааст, ки барои тасдиқ ба Шурои байниҳукуматӣ пешниҳод мегардад.
“Бешубҳа, ин санад муҳим буда, ба рӯйхати Созишномаҳои асосии Лоиҳа дохил мешавад. Риояи Кодекси техникӣ ба хусус дар заминаи ҳамгироии параллелии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти вижа дорад”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Қайд карда шуд, ки дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" Кодекси техникии лоиҳа тасдиқ гардид.
Ҳамзамон дар охири ҷаласа аз ҷониби кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа Пртоколи ҷаласаи Гурӯҳҳои кории муштакараки кишварҳои аъзои лоиҳа, Изҳороти муштараки кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа ва Қарордоди ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" ба имзо расонида шуд.